Дар мавсими зимистони имсола то моҳи феврали соли равон дар гармхонаҳои Тоҷикистон наздики 400 тонна сабзавот парвариш ёфтааст, ки беш аз 255 тоннашро помидор ва 60 тоннаашро бодиринг ташкил медиҳанд. Дар ин бора Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Айни замон дар Тоҷикистон дар майдони ҳудуди 82,6 гектар гармхонаҳои доимо амалкунанда фаъолият доранд, ки нисбат ба соли гузашта 12,6 гектар зиёдтар аст.

Дар қисмати зиёди (48 га) майдони гармхонаҳо навъҳои тезпазаки помидор , дар ҳудуди 21 га - бодиринг ва 13,6 га - қаланфур, бодинҷон, дигар навъи сабзавоту кабудӣ парвариш карда мешавад.

Тавре Раёсати рустанипарварии Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, нуқтаҳои асосии фурӯши маҳсулоти гармхонаҳо Душанбе, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон мебошанд.

Дар ҳамин ҳол, нисбат ба соли гузашта имсол нархи сабзавоти гармхонаҳо каме баландтаранд. Кишоварзон инро ба болоравии нархи барқ ва хизматрасонии нақлиёт, ки ба афзоиши хароҷоти онҳо боис шудааст, нисбат медиҳанд.

Имрӯз дар бозорҳои кишвар 1 кило помидору бодиринг ҳар кадоме бо нархи 18-20 сомонӣ (соли гузашта - 16-18 сомонӣ) фурӯхта мешавад.

Арзиши сабзавоти гармхонаҳо дар Тоҷикистон яке аз баландтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ боқӣ мемонад.

Масалан, нархи помидори гармхона дар Русия ба ҳисоби миёна 2 доллар барои 1 кило, Украина - 1,32 доллар, Гурҷистон, Молдова, Қзоқистон ва Ӯзбекистон - ҳудуди 1,2-1,3 долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.