Имрӯз, 12-уми феврал таҳти раёсати президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи 20-уми Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷаласа рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои машваратӣ, натиҷаҳои таҳлили рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ ва масъалаҳои асосии лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи ояндаи Шӯрои машваратӣ баррасӣ шуданд.

Дар ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба амалисозии тадбирҳо дар самти  устувор кардани мавқеи ҷумҳурӣ дар ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ”, муосиргардонии хизматрасониҳои давлатӣ ба доираҳои тиҷоратӣ дар асоси роҳандозии ҳуҷҷатгузории электронӣ, соддагардонии расмиёти фаъолияти соҳибкорӣ ва таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар, фаъолияти шӯроҳои машваратии минтақавӣ ва арзёбии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор ва фаъолсозии сармоягузории хусусӣ, ташкили рейтинги миллӣ, низоми электронии Равзанаи ягона барои амалиёти содиротию воридотӣ, таъмини сифати баланди алоқаи интернет барои роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ташкил ва рушди занҷираи иловашудаи маҳсулоти ниҳоӣ (кластерӣ) дар бахши агросаноатии ҷумҳурӣ, тибқи занҷираи “ашёи хом – истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ – дарёфти бозори фурӯш” ва дигар масъалаҳо ибрози назар кард.

1/20

Оид ба масъалаи якуми рӯзномаи ҷаласа гузориши котиби масъули Шӯро, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Фаррух Ҳамрализода шунида шуд.

Дар ин робита маротибаи чаҳорум ба даҳгонаи кишварҳои пешқадами ислоҳотгари ҷаҳон шомил гардидан ва 20 зина боло рафтани мавқеи Тоҷикистон ва дар байни 190 кишвари ҷаҳон ҷойи 106-умро соҳиб шудани он дар арзёбии ҳисоботи “Пешбурди соҳибкорӣ” барои соли 2020 зикр гардид.  

Номбурда ҳамчунин оид ба масоили зерин иттилоъ дод:

- то декабри соли 2023 татбиқи меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда дар соҳаи маориф 5 фоиз ва барои иҷрои корҳои сохтмонӣ  7 фоиз;

- ба муҳлати 6 сол аз пардохти андоз аз фоида (андози низоми соддакардашуда), андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, андоз аз объектҳои ғайриманқул ва андози замин озод шудани субъектҳои хоҷагидории соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва истеҳсоли хӯроки омехтаи паранда ва чорво;

- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда озод намудани воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳаҳои парандапарварӣ, моҳипарварӣ ва молҳои бевосита барои эҳтиёҷоти худи субъектҳои хоҷагидор дар соҳаҳои мазкур воридотшаванда;

- аз андоз аз арзиши иловашуда ва пардохтҳои гумрукӣ озод кардани воридоти чорвои хушзот ва гӯштӣ, инчунин ҳама намуди хӯроки чорво;

- қабули “Тартиби аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷҳои гумрукӣ озод кардани воридоти ашёи хом барои коркард ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ”;

- аз 1 январи соли 2020 дар мақомоти андоз ба сифати соҳибкори инфиродӣ ройгон ба қайди давлатӣ гирифта шудани шахсони воқеӣ тибқи номгӯи намудҳои фаъолият оид ба истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва аз пардохти андозҳо озод гардидани онҳо,

- аз 2 январи соли 2020 аз байн бардоштани боҷи давлатӣ барои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва коҳиш додани хароҷоти ин расмиёт, аз байн бардоштани меъёри 1%-и андоз аз фоида,

- оғоз гардидани фаъолияти Маркази амалигардонии “Равзанаи ягона, мониторинг ва кадастри шаҳрсозӣ” дар шаҳри Душанбе

- аз 1-уми марти соли 2019 дар реҷаи мустақим роҳандозӣ шудани қабули аризаи шаҳрвандон барои пешниҳоди шартҳои техникӣ ҷиҳати пайвастшавӣ ба шабакаи таъмини қувваи барқ ва тибқи он давоми 10 рӯз  баррасӣ гардидани он.

Тибқи банди дуюми рӯзнома вазири кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода вобаста ба натиҷаҳои таҳлил оид ба рушди кластерӣ дар соҳаи агросаноатӣ баромад карда, аз ҷумла, лоиҳаҳои Консепсия ва Нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҶТ оид ба рушди кластери агросаноатӣ, масъалаҳои марбут ба фароҳам овардани заминаҳои татбиқи стандарти байналмилалии ГЛОБАЛ ГЭП (GLOBAL G.A.P)-ро дар ҷумҳурӣ муаррифӣ намуд.

Оид ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи ҷаласа вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода суханронӣ карда, масъалаи таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян кардани имкониятҳои нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳаро барои баррасӣ ба ҷаласаҳои оянда пешниҳод намуд, ки аз ҷониби аъзои Шӯро ҷонибдорӣ шуд.

Ҷиҳати баррасӣ ва муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа инчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, роҳбари Намояндагии Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Ян Питер Олтерс, роҳбари намояндагии Агентии Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Тоҷикистон хонум Сабине Олтҳоф, роҳбари намояндагии Барномаи озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон Олег Гучгелдиев, узви Шӯрои машваратӣ, роҳбари ҶДММ “Ресандаи Тоҷикистон” Равзанабону Неъматуллоева, раиси Ассотсиатсияи миллии истеҳсолкунандагони шир ва маҳсулоти ширии Тоҷикистон Умед Шомуродов ва дигарон баромад карда, андешаҳои худро вобаста ба масъалаҳои баррасишуда иброз доштанд.

Раисҷумҳур ҷаласаро ҷамъбаст карда, вобаста ба нуктаҳои дар он зикршуда ба вазорату идораҳо, масъулини дахлдор супоришҳо ва ба шарикони рушд тавсияҳо дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.