ШСХК “Барқи тоҷик” соли равон ният дорад, ки аз ҳисоби интиқоли барқ ба Афғонистон наздики 70 млн доллар даромад ба даст орад.

“Бо ширкати энергетикии Da Afghanistan Breshna Sherkat-и Афғонистон дар бораи соли ҷорӣ ба ин кишвар интиқол додани 1 млрд 588 млн кВт/соат нерӯи барқ созиш ҳосил кардем”, - хабар дод раиси “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 12-уми феврал дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки тибқи созиши қаблан бо ширкати Афғонистон ҳосилшуда, арзиши барқ ҳамасола 3% боло меравад. Соли гузашта барқи Тоҷикистон барои Афғонистон 4,3 сент барои 1 кВт/соат нарх дошт.

Таъкид шуд, ки соли 2019 ба Афғонистон ба маблағи 60,6 млн доллар 1 млрд. 458,2 млн кВт/соат нерӯи барқ содирот шуд.

Дар мавриди имзои қарордод бо Ӯзбекистон дар бораи содироти барқ раиси ширкат изҳор дошт, ки ба гумони ғолиб, ин созишнома семоҳаи аввали соли ҷорӣ зимни ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба имзо мерасад.

Ба иттилои раиси ширкат, соли 2019 аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ба маблағи 28,5 млн доллар 1 млрд 425,1 млн кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода шудааст.

Зикр шуд, ки арзиши як киловатт нерӯи барқ барои Ӯзбекистон дар соли гузашта 2 сент муқаррар шуда буд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти “Барқи тоҷик”, арзиши аслии қувваи барқ, ки дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, 28 дирам (2,8 сент)-ро ташкил дода, аҳолӣ барои 1 киловатти он 22,66 дирам (2,3 сент) маблағ пардохт мекунад.

Содироти барқро ба Ӯзбекистон бо нархи пасттар аз арзиши аслӣ Исмоилзода чунин маънидод кард, ки айни замон кишвари ҳамсоя бо арзиши имтиёзнок ба Тоҷикистон гази табиӣ интиқол медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.