Ҷамъиятҳои саҳҳомии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” пас аз таъини роҳбарон ва аъзои Шӯрои нозирон дар онҳо давоми соли равон ба фаъолияти мустақилона шурӯъ мекунанд.

Сардори Сарраёсати молияи ширкати “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки айни замон гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аъзои Шӯрои нозирони ин ҷамъиятҳоро муайян мекунад.

“Ояндаи наздик рӯйхатҳо барои маъқул донистан ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд”, - гуфт Маҷидзода.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуд.

Анҷоми пурраи ин ҷараён охири соли 2018 пешбинӣ гардида буд. Дар доираи бозсозии сохтор “Барқи тоҷик” ба се ширкати ҷудогонаи мустақил – Шабакаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ тақсим мешавад.

Охири моҳи июни соли гузашта бо қарори ҳукумат 2 ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта дар заминаи “Барқи тоҷик” – Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тасдиқ карда шуданд.

Дар қарори мазкур ба Вазорати энергетика, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур дода шуд, ки оид ба ҳалли масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ин ду ширкати нави таъсисёфта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.