Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии андозро ба фаъолияти ширкатҳои мобилӣ вобаста медонад.

Раиси Кумита Нусратулло Давлатзода дар нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки соли 2019 нақшаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар кишвар 3,9% камтар ба иҷро расид. Бинобар ин, ба буҷет аз маблағи пешбинишуда 516 млн сомонӣ (зиёда аз 53 млн доллар) камтар маблағ ворид шудааст.

Давлатзода қайд кард, ки 432 млн сомонӣ аз ин маблағ аз ҳисоби ширкатҳои мобилӣ гирифта нашудааст.

“Аз соли 2015 ширкатҳои мобилӣ тадриҷан аз хизматрасонии овозӣ (гуфтугӯ бо телефон) ба дигар навъҳои муосири хизматрасонӣ мегузаранд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон то ҳол танзим нашудааст. Имрӯз ҳама хизматрасониҳо тариқи интернет ба иҷро мерасанд ва мо дар ҳаҷмҳои начандон зиёд андоз меситонем”, - гила кард ӯ.

Ғайр аз ин, қайд кард раиси Кумита, дар муқоиса бо солҳои пешин фаъолияти бисёре аз ширкатҳои мобилӣ суст шуда, “баъзеи онҳо бозорро аз даст медиҳанд”.

Зимнан илова шуд, ки аз як тараф, агар қисмати даромади буҷет ҳамасола дар ҳоли зиёдшавӣ бошад, аз ҷониби дигар, сарчашмаҳои андозситонӣ кам шуда истодаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.