Дар соли 2019 нисбат ба як соли пеш ҳаҷми умумии гардиши яклухт ва чаканаи молу маҳсулот дар нархи қиёзпазир ҳудуди 32 млрд сомониро ташкил дода, ба андозаи 5% ё худ 5 млрд сомонӣ афзуд.

Сарвари Агентии омори назди Президенти ҶТ Гулнора Ҳасанзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал иттилоъ дод, ки дар ҳаҷми умумии фурӯш аз рӯйи вазни қиёсӣ дар маҳсулоти ғизоӣ гӯшт ва маснуоти ҳасибӣ (15,4%), орд ва нон (13,5%), шакар ва маснуоти қаннодӣ (6,8%), сабзавот ва картошка (6,1%) ва равғани рустанӣ (5,1%) бартарӣ доранд.

Аз маҳсулоти ғайриозуқа вазни қиёсии бештар ба масолеҳи сохтмон (28,1%), пойафзол, сарулибос, маҳсулоти бофандагӣ ва дӯзандагӣ (11,4%), матоъ (10,6%), автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ (10,6%) ва маҳсулоти нафтӣ (10,4%) рост меояд.

Соли 2019 ба ҳар як сокини ҷумҳурӣ беш аз 2,7 ҳазор сомонӣ (283 доллар) ҳаҷми гардиши чаканаи мол рост омадааст.

Ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба андозаи 2,9% боло рафта, аз рӯйи натиҷаҳои соли гузашта зиёда аз 12,8 млрд сомониро ташкил додааст.

Индекси нархҳои истеъмолӣ дар соли 2019 нисбат ба соли пешин ба 108,0% баробар шудааст, аз ҷумла, ба маҳсулоти ғизоӣ – 110,9%, маҳсулоти ғайриозуқа – 104,2% ва хизматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ – 105,5%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.