Айни замон ҷиҳати омода кардани оинномаи ин бонки таъсисмеёфта корҳо ҷараён доранд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал дар Душанбе вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода хабар дод.

Ба гуфтаи ӯ, сарчашмаҳои имконпазири маблағгузории ин ташкилоти қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Меъёрҳо муайян шудаанд, ҳаҷми сармояи оинномавӣ бояд аз 50 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) зиёд бошад” - иброз дошт ӯ.

Вазири молия таъкид дошт, номгӯйи амалиёте муайян карда мешавад, ки ба воситаи ин бонк анҷом доданаш имконпазир бошад.

“Мо ягона бонки давлатӣ – “Амонатбонк” дорем. Дар робита ба шароити имрӯзаи бахши бонкии кишвар намехоҳем, ки ҳамаи сарбориву душвориҳо бар дӯши як бонк вогузор шавдад. Аз ин рӯ, шароит муҳайё месозем, ки боз як бонки давлатии дигар ба кор даромада, ба соҳаҳои воқеии иқтисод маблағгузорӣ кунад”, - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахир супориш дод, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, истеҳсолгарон ва содиркунандагони маҳсулот бонк таъсис дода шавад.

“Барои фаъолияти пурсамар ҳамасола ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатиро ба ин бонк афзудан лозим аст”, - гуфт президент.

Дар назар аст, ки бонк назди МД “Фонди дастгирии соҳибкории назди ҳукумати Тоҷикистон” таъсис дода шуда, соли равон ба фаъолият оғоз мекунад.

Вазири молия изҳор дошт, ки бо таъсиси бонки нав ҳамзамон Фонди дастгирии соҳибкорӣ амал хоҳад кард.

“Кӯшиш мекунем, ки фаъолияти Фонд бетағйир боқӣ монад, чунки одамони машғул ба соҳибкории истеҳсолӣ ба қарзҳои имтиёзнок аз ҳисоби буҷет дастрасӣ дошта бошанд”, - таъкид дошт вазир.

Фонди дастгирии соҳибкорӣ ба соҳибкорони маҳаллӣ бо 12  фоизи солона ба муҳлати то 3 сол қарз дода, аз соли 2013 фаъолият мекунад.

Қарзҳо аз ин Фонд дар бештари мавридҳо ба соҳибкорони истеҳсолкунанда ва содиркунандагони маҳсулот дода мешавад.

То имрӯз Фонд ба фаъолияти наздики 300 нафар соҳибкорон ва содиркунандагони маҳсулот маблағгузорӣ кардааст.

Айни замон ҳаҷми сандуқи қарзии Фонд беш аз 200 млн сомониро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.