“Тавре сарвари давлат супориш дода буд, музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо аз 1-уми сентябри соли равон боло бурда мешаванд”, - изҳор дошт вазири молияи Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода зимни нишасти матбуотии рӯзи 13-уми феврал дар Душанбе.

Ӯ қайд кард, ки маблағҳои зарурӣ барои иҷрои ин дастур дар буҷети соли равон ба назар гирифта шудааст.

“Ташаббуси сарвари давлат пурра амалӣ хоҳад шуд”, - илова кард вазири молия.

Ёдрас мекунем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахири худ ба парлумон дастур дод, ки аз 1-уми сентябр музди меҳнати кормандони буҷет, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо ба андозаи 10-15% зиёд карда шаванд.

Пешниҳод шуд, ки маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳаҷми – 10%, дигар муассисаҳои буҷетӣ, ҳамчунин нафақа ва стипендияҳо – 15% боло бурда шаванд.

Ба ҷуз ин, болоравии ҳаҷми нафақаи маъюбони то синни 18-сола, гурӯҳи шахсони маъюби бекор ва ба нигоҳубин ниёздошта ба андозаи 50% дар назар аст.

Айни замон музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон – 400 сомонӣ (41 доллар) ва музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналӣ – 1357 сомонӣ (140 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Маблағи миёнаи нафақа дар ҷумҳурӣ ба 303 сомонӣ (31 доллар) баробар аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.