Тоҷикистон умедвор аст, ҷуброни захираҳои оби дар кишвар ташаккулёфта, ки ҳамсоякишварҳо истифода мекунанд, барқарор мешавад.

“Дар даврони шӯравӣ мо бар ивази об аз ҳамсоякишварҳо газ, бензин ва дигар мавод мегирифтем, - гуфт муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни ҷаласаи ахири палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ. - Мутаассифона, ҳоло чунин механизм вуҷуд надорад”.

Муовини вазир изҳори умедворӣ кард, ки “бо беҳтар шудани робитаҳои неки ҳамсоягӣ дар ин самт пешравиҳо ба даст меоянд”.

Беш аз 60%-и захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон сарчашма мегирад. Тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои об, ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 64 млрд метри мукааб об ташаккул меёбад. Ҷумҳурӣ аз ин ҳаҷм дар амал ҳамагӣ то 17%-ашро истифода мекунад.

Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳамасола миллиардҳо метри мукааб обро аз меъёри муқарраршуда аз ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзии Омударё ва Сирдарё намегирад.

“Комиссияи ҳамоҳангсози хоҷагии оби Осиёи Марказӣ меъёри Тоҷикистонро дар соли 2019 дар ҳаҷми 12,7 млрд метри мукааб муайян кард”, - иттилоъ медиҳад Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ.

Аммо, қайд мекунанд дар Вазорат, кишвар ҳамагӣ 10,7 млрд метри мукааб (8,6 млрд – Омударё ва 2,1 млрд – Сирдарё ва Зарафшон) об гирифт, ки аз меъёри муқарраршуда 1,97 млрд метри мукааб камтар аст.

Собиқ муовини сарвазири Қирғизистон Темур Сариев қаблан зимни суханронӣ дар Конфронси байнулмилалии сатҳи баланд оид ба масоили об дар Душанбе изҳор дошт, кишвари ӯ ва Тоҷикистон бар зиёни худ барои захираҳои об, ки ба кишварҳои поёноб медиҳанд, ҷуброн намегиранд.

Замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо дастури Маскав ҳиссаи зиёди захираҳои обиро Қазоқистону Ӯзбекистон ва Туркманистон мегирифтанд, зеро қаламрави калони  даштӣ дошта, зироатҳои сероб (пахта, шолӣ ва ғайра) парвариш мекарданд. Тоҷикистону Қирғизистон, ки 80%-и захираҳои оби минтақа аз ин кишварҳо сарчашма мегирад, бар ивази он ҷуброну кумакҳо мегирифтанд.

Вазъи тақсимоти об то ҳол бетағйир боқӣ мондааст, ҳарчанд кишварҳои болооб аз давлатҳои поёноб акнун ҷуброне намегиранд.

Тибқи маълумоти ахир, захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ (Омударё ва Сирдарё) байни кишварҳои минтақа тариқи зайл тақсим шудаанд:

- маҷрои Сирдарё: Ӯзбекистон – 50,5%, Қазоқистон – 42%, Тоҷикистон – 7% ва Қирғизистон – 0,5%;

- маҷрои Омударё: Ӯзбекистон – 42,2%, Туркманистон – 42,3%, Тоҷикистон – 15,2% ва Қирғизистон – 0,3%.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.