Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) бо қарорҳои навбатии худ дархостҳои Фонди қарзии хурди “Наҷм” ва ҶДММ Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Тиҷорат-Қарз”-ро оид ба бозхонди иҷозатнома ва барҳамдиҳии ихтиёрӣ қонеъ намуд.

Тавре шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, тибқи қарорҳои зикршуда, иҷозатномаҳои ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”, ки аз ҷониби Бонки миллӣ барои анҷом додани амалиётҳои бонкӣ дода шудааст, бозхонд мешаванд.

Гуфта мешавад, мақомоти ваколатдори ФҚХ “Наҷм” ва ҶДММ ТАҚХ “Тиҷорат-Қарз”- вазифадоранд, ки барои анҷом додани расмиёти барҳамдиҳии ихтиёрӣ ва ҳисоббаробаркунӣ бо қарздеҳони ташкилотҳои қарзӣ, бо риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ комиссияҳои барҳамдиҳиро таъсис дода, ба БМТ маълумоти заруриро пешниҳод намоянд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 10-уми майи соли гузашта дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти молия ва андоз, гумрук ва соҳаи бонкӣ изҳор дошт, ки бар асари буҳрон дар низоми бонкӣ шумори ташкилотҳои қарзӣ дар Тоҷикистон тайи 4 соли охир қариб ду баробар кам шудааст. Ин тамоюлро сарвари давлат ба буҳрон дар низоми бонкӣ марбут донист.

Ба гуфтаи ӯ, то оғози буҳрон дар низоми бонкӣ, соли 2014 дар ҷумҳурӣ 137 ташкилоти қарзӣ фаъолият дошта, охири соли гузашта шумори онҳо то 79 ташкилот кам шуд.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки аз ҳама бештар иҷозатномаҳои ташкилотҳои қарзии хурд бозхонд шуда, шумори онҳо аз 125 адад дар соли 2012 то 62 адад дар соли 2018 коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.