Дар Тоҷикистон боз як бонки давлатӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад, ки муассисаш ҳукумати ҷумҳурӣ тариқи Вазорати молияи кишвар мебошад. Бонки нави давлатӣ дар заминаи Фонди давлатии дастгирии соҳибкорӣ барои маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои соҳибкорон таъсис дода мешавад.

“Вазорати молия ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия ва ҷамъоварӣ намуда, ба наздикӣ барои гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ариза пешниҳод мекунад”, - хабар дод Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов, сармутахассиси Раёсати таҳлили бонкии департаменти нозироти бонкии БМТ зимни кори мизи гирд дар Душанбе рӯзи 28-уми феврал.

Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз таъсиси бонки нав маблағгузорӣ ба корхонаҳои истеҳсолӣ, яъне корхонаҳо мебошад.

Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода нимаи моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки айни замон ҷиҳати омода кардани оинномаи ин бонк корҳо ҷараён дошта, сарчашмаҳои имконпазири маблағгузории ин ташкилоти қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Меъёрҳо муайян шудаанд, ҳаҷми сармояи оинномавӣ бояд аз 50 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) зиёд бошад”, - қайд кард ӯ.

Вазири молия таъкид дошт, номгӯйи амалиёте муайян карда мешавад, ки ба воситаи ин бонк анҷом доданаш имконпазир бошад.

“Мо ягона бонки давлатӣ – “Амонатбонк” дорем. Дар робита ба шароити имрӯзаи бахши бонкии кишвар намехоҳем, ки ҳамаи сарбориву душвориҳо бар дӯши як бонк вогузор шавад. Аз ин рӯ, шароит муҳайё месозем, ки боз як бонки давлатии дигар ба кор даромада, ба соҳаҳои воқеии иқтисод маблағгузорӣ кунад”, - гуфт ӯ.

Ёдрас мекунем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахир супориш дод, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, истеҳсолгарон ва содиркунандагони маҳсулот бонк таъсис дода шавад.

“Барои фаъолияти пурсамар ҳамасола ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлатиро ба ин бонк афзудан лозим аст”, - гуфт президент.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.