Намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) ҷиҳати баргузории шарҳи рафти татбиқи  лоиҳаҳои муштараки сармоягузории БОР ва ҳукумати Тоҷикистон ба Душанбе омаданд.

Тавре дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, сафари ҳайати бонк аз 3 то 10 март идома ёфта, дар ҷамъбасти он ҷаласаҳои алоҳидаи соҳавӣ ва бо иштироки тамоми агентиҳои иҷроия ва амаликунанда, инчунин мақомоти дахлдор ҷаласаи умумӣ баргузор карда мешавад.

Гуфта мешавад, мақсади асосии баргузории Шарҳи муштараки лоиҳаҳо баррасӣ ва таҳлили раванди татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ, арзёбии самаранокии фаъолияти агентиҳои амаликунандаи лоиҳаҳо, мониторинги натиҷаҳои фаъолият аз рӯи бахшҳо, муайян намудан ва ҳалли мушкилоте, ки ба амалишавии лоиҳаҳо таъсири манфӣ мерасонанд, баррасии рафти иҷрои нақшаҳои амалии дар ҷаласаҳои қаблӣ мувофиқагардида, таҳия ва тасдиқи нақшаҳои амалии нав оид ба беҳтар намудани раванди татбиқ ва азхудкунии маблағҳои лоиҳаҳо, ба ҳисоб меравад.

Бонки осиёии рушд яке аз ташкилотҳои бузурги мададрасони Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба маблағи 1,8 млрд. доллар кумак кардааст.

Ҳаҷми сандуқи ҷории БОР дар Тоҷикистон қариб 780 млн. долларро ташкил медиҳад. Он аз лоиҳаҳо дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, бахши кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва рушди шаҳр иборат аст. Соли 2019 БОР баҳри дастгирии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон грант тасдиқ кард.

Давоми солҳои 2020-2022 БОР кумаки молиро ба Тоҷикистон дар ҳаҷми наздики 400 млн. доллар нақша гирифтааст.

Нақшаи индикативии сармоягузорӣ аз лоиҳаҳои инкишофи малакаҳои корӣ, рушди минбаъдаи соҳаи энергетика, беҳбуди зербинои шаҳрӣ, кори нақлиёт, дастгирии рушди бахши молиявӣ, ҳамчунин беҳбуди идоракунии захираҳои обӣ ва дигар бахшҳо иборат мебошад.

Ғайр аз ин, БОР имкони сармоягузорӣ ба бахши хусусиро дар тиҷорати кишоварзӣ, бахши молиявӣ ва дигар соҳаҳо низ баррасӣ мекунад.

Ҳамчунин БОР дастгирии рушди бахши сайёҳӣ, таъмиру навсозии долонҳои муҳими нақлиётӣ, рушди зербинои шаҳрӣ, баланд бардоштан устуворӣ нисбат ба офатҳои табиӣ ва ислоҳоти фазои сармоягузориро дар нақша дорад.

Айни замон Тоҷикистон аз БОР танҳо бар асоси кумаки бебозгашт ёрии молиявӣ дастрас мекунад.

Лекин мақоми кишвар ҳамасола бозбинӣ мешавад ва вобаста ба устувории қарзи берунаи ҷумҳурӣ, он метавонад тағйир ёбад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.