Ҳукумати Тоҷикистон ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ супориш дод, ки дар самти ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ, дар навбати аввал афзоиши сармоягузории мустақим тадбирҳо андешад.

“Дар ҳамдастӣ бо Вазоратҳои молия, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷалби сармояи хориҷӣ, бахусус, зиёд намудани сармояи мустақим ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти кишвар тадбирҳои судманд андешида шавад”, - гуфта мешавад дар қарори ҳукумат, ки моҳи гузашта қабул шудааст.

Мувофиқи маълумоти расмӣ, соли 2019 ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 607,1 млн долларро ташкил дод, ки 345,9 млн доллараш сармоягузории мустақим ва 261,2 млн доллар – дигар сармоягузориҳо мебошанд.

Маблағи сармоягузориҳои мустақим асосан ба истихроҷи канданиҳои фоиданок (67% аз ҳаҷми умумии онҳо) равона гардиданд.

Ҳамчунин ба саноати коркард, соҳаҳои нақлиёту алоқа, сохтмон, бахши сайёҳӣ, фаъолияти молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои тиҷоратӣ сармоягузории мустақими хориҷӣ сурат гирифт.

Дар ҳамин ҳол, наздики 76% сармяогузориҳои мустақим дар соли гузашта аз Чин ҷалб шуданд, ки ҳаҷми умумии онҳо 262,3 млн долларро ташкил дод. Ин маблағҳо ба рушди бахшҳои иктишофи геологӣ ва истихроҷ, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, нақлиёт ва алоқа равона шуданд.

Ҳамчунин сармоягузорон аз Русия (хизматрасониҳои молиявӣ, сохтмон ва алоқа), Британияи Кабир (иктишофи геологӣ ва истихроҷ, хизматрасониҳои молиявӣ), Туркия (саноати коркард, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ) ва дигар кишварҳо дар ҳаҷмҳои начандон зиёд ба иқтисоди Тоҷикистон маблағгузорӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.