Дар партави коҳиши нархи нафт ва пастшавии назарраси қурби асъори Русия дар Тоҷикистон беқурбшавии рубл ва гароншавии начандон зиёди доллар идома дорад.

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) қурби сомониро нисбат ба рубл имрӯз, 17-уми март дар сатҳи 0.1295 сомонӣ (барои 1 рубл) ва долларро – 9.7282 сомонӣ (барои 1 доллари ИМА) муқаррар кардааст.

Ба ин тариқ, тайи ҳафтаи охир қурби расмии рубл дар ҷумҳурӣ ба андозаи 8,3% ва доллар – 0,5% тағйир ёфт.

Дар марказҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон қурби рубли нақд рӯзи душанбе ба андозаи беш аз 10% – аз 145 сомонӣ то 130 сомонӣ поин рафт.

Дар ҳамин ҳол, қурби мубодилаи нақди доллар қариб бетағйир боқӣ мемонад – 9,72 сомонӣ (харид) ва 9,74 сомонӣ (фурӯш) барои 1 доллар.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид. Айни замон арзиши баррели нафти  Brent 31,8 доллар ва нафти тамғаи WTI – 30,77 долларро ташкил медиҳад.

Арзиши рубли Русия дар бозори байнулмилалии асъор то нишондиҳандаи пасттарин аз соли 2016 – 74,13 рубл барои 1 доллар коҳиш ёфт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.