Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) аз кишварҳои узви “Бистгонаи бузург” (G20) дархост карданд, ки гирифтани қарзҳоро аз рӯйи шартномаҳо бо кишварҳои аз ҳама камбизоаттарини ҷаҳон ба таъхир гузоранд, то ки ба ин васила дар мубориза бо хуруҷи коронавирус ба онҳо кумак расонида шавад.

Ин ҷо сари қатъи муваққатии пардохти қарзҳои кишварҳои узви Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (МАР) – ташкилоти қарзие сухан меравад, ки ба гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дохил аст.

Тоҷикистон низ ба ин Ассотсиатсия шомил буда, агар кишварҳои қарздода ба пешниҳоди муштараки ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ розӣ шаванд, аз ин иқдом метавонад манфиат ба даст орад.

Дар изҳороти муштараки Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА гуфта мешавад, хуруҷи коронавирус барои кишварҳои узви Ассотсиатсия, ки дар онҳо чоряки аҳолии сайёра ва аз се ду ҳиссаи аҳолии дар шароити душвори қашшоқӣ умр ба сар мебаранд, оқибатҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба бор оварда метавонад.

Ниҳодҳои молиявии мазкур аз кишварҳои узви G20 даъват кардаанд, ки рӯйхати кишварҳои вазъи пардохти қарзашон номусоидро тартиб дода, сабук сохтани сарбории қарзи онҳоро пешниҳод кунанд.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки ин пешниҳод аз ҷониби Кумитаи рушд дар ҷаласаҳои баҳории он рӯзҳои 16-17 апрели соли равон ба гумони ғолиб дастгирӣ хоҳад ёфт.

Ҳаҷми қарзи Тоҷикистон назди Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ то аввали соли равон 325 млн долларро ташкил дода, қисмате аз қарзҳо ба ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (МАР) дода шудааст.

Маблағи қарзи Бонки миллии Тоҷикистон назди Хазинаи байнулмилалии асъор то аввали сол 30 млн долларро ташкил медиҳад.

ХБА сатҳи қарзи берунаи Тоҷикистонро дар соли гузашта ноустувор арзёбӣ карда, дар ин робита ҷумҳурӣ аз баъзе ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ танҳо кумаки ройгон (грант) мегирифт.

Лекин мақоми кишвар аз ҷониби ХБА ҳамасола бозбинӣ мешавад ва вобаста ба устувории қарзи берунаи ҷумҳурӣ, он метавонад тағйир ёбад.

Ҳаҷми умумии қарзи берунаи Тоҷикистон ба аввали соли ҷорӣ 2 млрд 888,4 млн долларро ташкил дод, ки ба 35,8%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар (ММД) баробар аст.

Мебояд гуфт, “хатти сурх”-е, ки ХБА баромадан аз онро ба иқтисоди кишварҳое чун Тоҷикистон тавсия намедиҳад, таносуби 40% қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД мебошад.

Чин (узви G20) қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон мебошад, ки ҷумҳурӣ ба санаи 1-уми январи соли ҷорӣ аз он 1 млрд 163 млн доллар қарздор аст.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.