Як қатор корхонаҳои саноати хӯроквории Тоҷикистон барои татбиқи чораҳо дар самти пешгирии сироятии коронавирус ба истеҳсоли маводи антисептикӣ оғоз карданд.

“Бо мақсади пешгирии бемории сироятӣ аз ҷониби корхонаҳои саноати хӯроквории кишвар, аз қабили ҶДММ “ММК”-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ “Сахо ва К”-и шаҳри Гулистон ва ҶСК “ММД”-и ноҳияи Рӯдакӣ ва дигарон истеҳсоли маводи гигиениву антисептикӣ ба роҳ монда шудааст”, - иттилоъ медиҳад Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон.

Ҳамзамон бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолии кишвар ҳамкориҳо роҳандозӣ шудааст.

Дар дастгоҳи марказии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ситоди дохилидоравии зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус “COVID-19” ташкил карда шуда, нақшаи чорабиниҳо дар ин самт таҳия гардидааст.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, то 6-уми апрел дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аз 1-уми феврал то 6-уми апрел 7041 нафар шаҳрвандоне, ки аз кишварҳои хориҷ ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба карантин фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то санаи мазкур 4291 кас ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, 2750 нафарашон дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат дар карантин қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.