Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Прокуратураи генералии Ӯзбекистон доир ба шахсоне, ки дар пинҳон кардани даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада (пулшӯйӣ) гумонбар дониста мешаванд, ба ҳамдигар табодули маълумот мекунанд.

Дар ин хусус Департаменти мониторинги молиявии БМТ ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии назди Прокуратураи генералии Ӯзбекистон қарордоди дахлдор ба имзо мерасонанд.

Дар лоиҳаи санад, ки дар ихтиёри идораи “Азия-Плюс” қарор дорад, қайд мешавад, ки чунин ҳамкорӣ дар самтҳои ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот дар бораи шахсони гумонбар ба қонунӣ гардонидани даромадҳои бо роҳи ҷинояткорӣ бадастомада, маблағгузорӣ ба терроризм, маблағгузорӣ ба паҳншавии силоҳи қатли ом ва фаъолияти ҷинояткоронаи вобаста ба он роҳандозӣ мешавад.

Ин ҳамчунин ба шахсони хусусӣ ва ширкатҳое, ки ҷиҳати анҷом додани чунин амалиёт ҷалб шудаанд, дахл хоҳад дошт.

Табодули маълумот дар ҳуҷҷат дар шакли хаттӣ бо ташаббуси тарафҳо ё бар асоси дархости ҷонибҳо пешбинӣ шудааст.

Аммо қонеъ кардани дархост пурра ё қисман рад шуда метавонад, агар иҷрои он ба соҳибистиқлолӣ, амният, тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар манфиатҳои кишваре, ки аз он дархост мешавад, зиён оварда тавонад.

Маълумот ё ҳуҷҷатҳои дар доираи қарордод дастрасшуда, бе розигии хаттии кишвари дархосткунанда ба ҷонибҳои сеюм ифшо намешаванд, бо мақсадҳои маъмурӣ, тафтишотӣ, ҷиноятӣ ё судӣ истифода намешаванд.

Маълумоти дар доираи ин санад дастрасшуда махфӣ буда, нисбат ба он реҷаи ҳифзи дар қонунгузории кишвари дархосткунанда пешбинишуда амал намекунад.

Ҳаллу фасли ҳама гуна баҳсу ихтилофҳое, ки дар робита ба шарҳу истифодаи ин қарордод ба миён меоянд, ба воситаи машварату гуфтушунидҳо пешбинӣ шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.