“Азия-Плюс” лоиҳаи видеоиро таҳти унвони Made in Tajikistan роҳандозӣ мекунад. Ровии мо – блогери шинохта Рафаэл Гулов аз корхонаҳои бузург ва хурди кишварамон, ки ба рушди иқтисод саҳм мегузоранд, боздид мекунад. Ӯ дар видеогузориши худ маълумот медиҳад, ки ин корхонаҳо чӣ истеҳсол мекунанд, киҳо фаъолият менамоянд ва ба куҷо маҳсулоти худро мефиристанд. Мо ҳам истеҳсолот дорем ва дар он одамони зиёд кор мекунанд!

Дар гузориши аввал Рафаэл ба “Сиёма” – корхонаи истеҳсоли нӯшокиҳои зарфӣ рафт. 25 миллион литр нӯшокӣ дар як сол, 40 коргар дар як баст, хизматрасонии хусусии интиқоли маҳсулот. Оби тозаи мусаффо аз куҷо гирифта мешавад? Дар кадом кишвар нахустин шуда, ба таъми гуворои он баҳо доданд?

Шарики кулли лоиҳаи мо яке аз ширкатҳои соҳибтаҷриба дар соҳаи тарроҳӣ ва бунёди иншооти энергетикӣ – ҶСП “ТАДЭС” мебошад.

Шарики расмии лоиҳа Фонди ҷамъиятии Accelerate Prosperity (“Соҳибкорӣ ва рушд”) – бизнес-инкубатор мебошад, ки барои оғоз бахшидани лоиҳаҳо ба маблағи то 50 ҳазор доллар кумак мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.