Ҳукумати Ӯзбекистон дар бораи то 50% ҷуброни хароҷот ба нақлиёти ширкатҳои содиркунандаи маҳсулот қарор қабул кард.

Дар иттилоияи расмии сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон гуфта мешавад, ҳукумати ин кишвар номгӯйи маҳсулотеро тасдиқ кардааст, ки зимни содирот қисме аз хароҷот ба интиқоли он тариқи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан ва ҳавойӣ ҷуброн мешавад.

Дар ин номгӯй тухм, паранда ва маҳсулот аз он, меваҳои тару тоза ва хушкшуда, сабзавот, маводи доруворӣ, техникаи маишӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ ва бофандагӣ, пойафзол ва боз дигар молу маҳсулот зикр шудааст.

Ғайр аз ин, то 1-уми январи соли 2021 таҷрибаи санҷиши қарздорӣ аз рӯйи ҳама навъҳои пардохтҳои ҳатмӣ ва санадҳои иҷро, ки нисбат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ зимни расмиёти гумрукии мол тариқи сарҳади гумрукии Ӯзбекистон оид ба амалиёти содиротӣ анҷом мепазиранд, бекор карда шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин шурӯъ аз соли 2021 барои амалӣ сохтани ин мақсад ҳамасола дар буҷет маблағҳои зарурӣ пешбинӣ мешаванд.

Ин маънои онро дорад, ки агар ширкат барои содироти маҳсулот мисол 1 миллион доллар сарф кунад, давлат нисфи хароҷоти ӯро бармегардонад.

Бо назардошти ин, нархи маҳсулоти Ӯзбекистон, ки ба Тоҷикистон оварда мешаванд, метавонанд поин рафта, барои харидорон бештар ҷолиб шаванд.

Тибқи маълумоти Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон, семоҳаи аввали соли 2020 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон наздики 69,5 млн долларро ташкил дод, ки беш аз 52 млн доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон рост меояд.

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон номгӯйи васеи техникаи маишӣ, сарулибос, пойафзол, маҳсулоти кишоварзӣ ворид карда, аз кишвари мо барқ, масолеҳи сохтмон ва дигар маҳсулоти мавриди ниёзи мардум мехарад.

Бинобар наздикии қаламрав хароҷоти нақлиёти ширкатҳои Ӯзбекистон зимни содироти маҳсулот ба Тоҷикистон бе ин ҳам он қадар баланд набуданд. Тавре коршиносон қайд мекунанд, дар робита ба қарори нав Ӯзбекистон мавқеашро дар бозори ҳамсоякишварҳо, аз ҷумла, Тоҷикистон боз ҳам фаъолтар мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.