Вазорати молияи Тоҷикистон самтҳоеро, ки қарзи аввали сол аз Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) гирифтаро барои онҳо истифода мешавад, мушаххас кард.

“Бо назардошти вазъи имрӯзаи иқтисодӣ ва эҳтимоли зиёди коҳишёбии ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ дар соли 2020, маблағҳои қарзии ҷалбшуда, ки барои дастгирии буҷети давлатӣ пешбинӣ шудаанд, бо бартарият барои иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии давлат равона мешаванд”, - қайд шудааст дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, маблағҳо аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, зиёд кардани маблағгузорь ба соҳаи тандурустӣ, афзоиши ҳаҷми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат истифода мешаванд.

“Ҳиссае аз қарз инчунин ба хизматрасонии қарзи беруна ва маблағгузории дигар соҳаҳои иқтисоди миллӣ равона карда мешавад”, - омадааст дар маълумот.

Мутобиқи шартҳои қарзгирии оҷилии ХБА, ҳукумати ҷумҳурӣ уҳдадор аст, ҳар семоҳа дар сомонаҳои расмӣ ҳисоботи истифодабарии маблағҳои ҷудошуда, инчунин ҳамасола натиҷаи санҷиши истифодабарии ин маблағҳоро, ки бояд аз ҷониби Палатаи ҳисоб анҷом дода шавад, нашр кунад.

Ёдовар мешавем, ки Хазинаи байнулмилалии асъор рӯзи 6-уми май ба Тоҷикистон ҷудо шудани 189,5 млн долларро тибқи механизми қарздиҳии тезонидашуда тасдиқ кард. Он ба қонеъ сохтани талаботи таъҷилӣ ба маблағгузории тавозуни пардохт ва эҳтиёҷоти буҷет марбут ба пандемияи коронавирус равона мешавад.

Ғайр аз ин, Хазина изҳор дошт, ки яке аз шартҳои ҷудошавии қарзи имтиёзнок ба Тоҷикистон бозбинии нишондиҳандаҳои буҷети давлатии кишвар барои соли 2020 мебошад.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.