Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори худ аз 7 майи соли равон дастур додааст, ки бо ҷудо кардани қисмате аз амволи ҶСК “Талко” дар заминаи ин амвол ҶСК “ТАЛКО Индастрис” таъсис дода шавад.

Бо ин санад супориш дода мешавад, ки ба ширкати нав низ ҳамаи имтиёзоти мавриди истифодаи ҶСК “ТАЛКО” дода шавад.

ТАЛКО ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ якҷо бо дигар вазорату идораҳои марбута ҷиҳати давра ба давра интиқол додани амвол ба тавозуни “ТАЛКО Индастрис” уҳдадор мешаванд.

Дар ҳамин қарори ҳукумат дастур дода мешавад, ки Созишнома дар бораи навсозӣ ва барқарор кардани иқтидорҳои ТАЛКО, ки ба “ТАЛКО Индастрис” дода мешаванд, маъқул шуморида шавад.

Санади мазкур байни ТАЛКО ва ширкати China Machinery Engineering-и Чин моҳи апрели соли гузашта ба имзо расида буд.

Мувофиқи созишномаи имзошуда, ширкати Чин ба сохтмони корхона бо иқтидори истеҳсоли 300 ҳазор тонна алюминий дар як сол уҳдадор шуд. Барои анҷоми ин корҳо аз ҷониби фармоишгар маблағгузории 545 млн доллар дар назар аст.

Ғайр аз ин, бо қарори ҳукумат супориш дода мешавад, ки  шартномаи дубора муҷаҳҳаз гардонидани коргоҳи сӯзиш (гудохтан), ки байни ҶСК “ТАЛКО” ва ширкати «FIVES SOLIOS» (Фаронса) ва миёни ҶСК “ТАЛКО” ва ширкати «Riedhammer GmbH» (Олмон) баста шудааст, маъқул дониста шавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.