Соҳаи тандурустии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз буҷет 344 млн сомонӣ маблағ гирифт, ки 78,1% аз ҳаҷми пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин бора дар ҳисоботи Вазорати молия маълумот дода мешавад.

Гуфта мешавад, мутобиқи буҷети тасдиқшуда ба ин соҳа ҷудо гардидани 440,7 млн сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида буд.

Аз ҷумла, маблағгузории буҷетӣ ба беморхонаҳо ба ҷойи 73,1 млн сомониии пешбинишуда дар ҳаҷми 46,6 млн сомонӣ (36,2% камтар), марказҳои саломатӣ (дармонгоҳҳо) ба ҷойи 13,5 млн. сомонии пешбинишуда драр ҳаҷми 7,1 млн сомонӣ амалӣ шудааст.

Барои ҳифзи солимии аҳолӣ (марказҳои хун, безараргардонии профилактикӣ, эмкунӣ, марказҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва ғайра) ба ҷойи 18,2 млн. сомонӣ 9,9 млн сомонӣ маблағ равона гардидааст, ки аз ҳаҷми нақшавӣ қариб 46% камтар мебошад.

Дигар фаъолият дар бахши тандурустӣ - идоракунӣ ва назорат, таҳқиқот ва ғайра ба ҷойи 28,2 млн. сомонии дар буҷет пешбинишуда 13,9 млн сомонӣ (50,7% камтар аз нақша) маблағ гирифт.

Мувофиқи Буҷети давлатӣ барои соли 2020, ки моҳи ноябри соли гузашта тасдиқ шуд, имсол ба бахши тандурустӣ ҷудо гардидани беш аз 1 млрд 841 млн сомонӣ маблағ ба нақша гирифта шудааст, ки 6,9% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетиро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, дар Қазоқистон имсол ба соҳаи тандурустӣ равона кардани 11% аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷет, Ӯзбекистон - 11,2%, Туркманистон - 8% ва Қирғизистон - 2,7% пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.