Имрӯзҳо дар боғу заминҳои Тоҷикистон ҷамъоварии ҳосили сабзавоту мева идома дорад. Қисмате аз онҳо ба хориҷи кишвар содирот мешавад. Аммо пандемияи коронавирус ҷиҳати тариқи қаламрави Ӯзбекистону Қазоқистон ба бозорҳои Русия баровардани маҳсулот монеъа эҷод мекунад.

Сарфи назар аз ин монеъаҳо, то ин дам аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар наздики 70 ҳазор тонна сабзавоту мева содирот шуд.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумруки кишвар, то 8 июн аз Тоҷикистон ба маблағи умумии беш аз 10 ҳазор доллар ҳудуди 54 ҳазор тонна пиёз, зиёда аз 6 ҳазор тонна меваҳои тару тоза ва наздики 9 ҳазор тонна тонна хушкмева содирот шудааст.

Ҳаҷми содирот нисбат ба нишондиҳандаҳои ҳамин давраи соли гузашта 7,7 ҳазор тонна аз рӯйи вазн ва беш аз 2,4 ҳазор доллар дар ифодаи пулӣ бештар аст.

Пандемияи коронавирус ҷиҳати ба бозорҳои Русия бурдани маҳсулоти кишоварзӣ тариқи қаламрави Ӯзбекистону Қазоқистон монеъа эҷод мекунад. Ин кишварҳо мухолифи транзити бор нестанд, лекин ронандагони мошинҳои боркаши бузургҳаҷми Тоҷикистонро ба қаламравашон роҳ намедиҳанд.

Қобили зикр аст, ки ин масъала дар машварати виртуалӣ бо иштироки вазирони кишоварзии давлатҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки масъалаи парваришу нашъунамои маҳсулоти кишоварзӣ зери назорат буда, имсол аз ҳосили рекордии сабзавоту мева, картошка ва зироати ғалладона интизорӣ меравад.

Дар бозорҳои Тоҷикистон нарҳҳо ба чанде аз навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ пойин мераванд. Имрӯз помидор 5-6 сомонӣ, картошка - 4 ва бодиринг - 3-5 сомонӣ нарх доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.