Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон тӯли моҳҳои январ-майи соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 11% афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, давоми 5 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо шумули соҳибкорони хусусӣ ба маблағи умумии 10 892,1 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шудааст.

Афзоиши ҳаҷми истеҳсолот дар саноати коркард ба андозаи 16%, саноати истихроҷ - 5,8%, таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво - 2,9% аз омилҳои асосии болоравии ҳаҷми умумии истеҳсолоти саноатӣ номбар шудааст.

Дар ин давраи ҳисоботӣ 2211 корхонаи саноатӣ фаъолият доштанд: 260-то дар саноати истихроҷ, 1794 - саноати коркард, 76 - дар соҳаи таъминот бо нерӯи барқ, газ, буғ ва тозакунии ҳаво. Дар бахши таъминоти об ва коркарди партовҳо 81 корхона амал мекунад.

Аз шумори умумии корхонаҳо 676-то (30,6% аз шумори умумӣ) ба вилояти Суғд, 605-то (27,4%) ба вилояти Хатлон, 464-то (21%) ба шаҳри Душанбе, 420-то (19%) ба ноҳияҳои тобеи марказ ва 46-то (2%) ба ВМКБ рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.