Бо назардошти солҳои пешин, маблағи умумии қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон ба охири моҳи апрели соли равон 51 млн 128,4 ҳазор сомонӣ (беш аз 5,1 млн доллар)-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо 1 январи соли 2020 ба андозаи 9,4% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, нишондиҳандаҳои аз ҳама зиёдтар дар ин самт дар Ноҳияҳои тобеи марказ (32,4% аз ҳаҷми умумии қарз), вилояти Суғд (30,2%) ва шаҳри Душанбе (23,5%) ба қайд гирифта шудааст.

Қарзи аз ҳама зиёд дар бахши воқеии иқтисод дар соҳаи сохтмон - 15 млн. 479,3 ҳазор сомонӣ ба қайд гирифта шудааст

Қарз аз маош дар саноати истихроҷи канданиҳои фоиданок - 14 млн 181 ҳазор сомонӣ ва саноати коркард - ба 6 млн 975,1 ҳазор сомонӣ баробар аст.

Дар соҳаи хизматрасонӣ қарзи аз ҳама бештар аз музди меҳнат дар соҳаи нақлиёт ва нигоҳдории маҳсулот - 9 млн 211,5 ҳазор сомонӣ, фаъолияти касбӣ, илмӣ ва техникӣ - 920,3 ҳазор сомонӣ, иттилоот ва алоқа - 344,8 сомонӣ сабт шудааст.

Байни корхонаҳо Комбинати маъдантозакунии “Адрасмон”-и шаҳри Гулистон аз ҳама бештар - зиёда аз 11 млн сомонӣ ва ҶСК “Тоҷик Эйр” - беш аз 9,1 млн сомонӣ аз пардохти музди меҳнат қарздоранд.

Қобили зикр аст, ки моҳи октябри соли гузашта зимни вохӯрӣ бо роҳбарон ва фаъолони Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аз саривақт пардохт нашудани музди меҳнат ба кормандони соҳаҳои гуногун изҳори нигаронӣ карда буд.

Он замон сарвари давлат ба Вазорати меҳнат ва Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон дастур дода буд, ки дар ҳамдастӣ бо шарикони иҷтимоӣ, вазорату идораҳо, роҳбарони вилоят ва шаҳру навоҳӣ оид ба ҳалли масъалаи мазкур чораҳои мушаххас ва муассир андешанд.

Мутобиқи моддаи 158 Кодекси меҳнати ҶТ, агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз муҳлати муқарраршуда дертар пардохт карда шавад, вай уҳдадор аст ба андозаи фоизи меъёри бонкӣ, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рӯзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рӯзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.