Вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон 30-юми июн тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшударо ба Буҷети давлатӣ барои соли 2020 ҷонибдорӣ карданд.

Тағйирот бо назардошти таъсири пандемияи бемории сироятии COVID-19 ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми даромади буҷет, ҳамзамон афзудани эҳтиёҷоти иловагии соҳаҳои алоҳидаи иқтисодӣ миллӣ, бознигарӣ шудани нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар барои соли 2020, инчунин тавсияҳои созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ ва дурнамои ҳамкориҳои кишвар бо шарикони рушд ворид карда шуданд.

Ҳаҷми умумии нақшаи аниқшудаи даромади буҷети давлатӣ дар соли 2020 бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба 23,6 млрд сомонӣ, ҳаҷми умумии хароҷот 26 млрд сомонӣ, касри буҷет ба 3,1 млрд сомонӣ ё 3,7 фоизи ММД баробар мешавад.

Қисмати даромади буҷети давлатии соли 2020 аз ҳисоби даромадҳои андозию ғайриандозӣ 2 млрд 349 млн сомонӣ кам мешавад.

Дар қисмати хароҷоти буҷет низ тағйирот сурат пазируфта, он ба маблағи 1 млрд 822 млн сомонӣ коҳиш меёбад. Камшавӣ ба бахши иҷтимоӣ, музди меҳнат, нафақа ва кумакпулиҳо дахл надорад.

Ҳамчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сармоягузорӣ аз ҳисоби гранту қарзҳо дар ҳаҷми 977 млн сомонӣ ва аз ҳисоби захираҳои махсуси молиявии муассисаҳои давлатӣ дар ҳаҷми 81 млн сомонӣ коҳиш меёбад.

Мувофиқи тағйироти нав, барои пардохти маоши иловагӣ ба кормандони соҳаи тиб, ки бо коронавирус мубориза мебаранд, инчунин сохтмони НБО Роғун 1,9 млрд сомонӣ ҷудо карда мешавад.

Ҳанӯз моҳи май Вазорати молияи кишвар хабар дода буд, ки дар давоми 4 моҳ ба буҷети давлатӣ наздики 60 млн доллар камтар аз нақша маблағ ворид шуд.

Сабаби ин миқдор кам шудани воридоти маблағ ба буҷетро дар Вазорати молия ба иҷро нашудани нақшаи ҷамъоварии чанде аз андозҳои асосӣ: андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз даромад, андоз аз фоида ва аксизҳо нисбат доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.