Давоми моҳҳои январ-майи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон 1 млрд 871,9 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 9,3% ё худ 158,9 млн доллар зиёдтар мебошад.

Тӯли 5 моҳи соли равон аз Тоҷикистон ба маблағи умумии 558 млн доллар молу маҳсулот содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74,4% ё худ 238 млн доллар бештар аст.

Тоҷикистон дар ин давра бо 108 кишвари дунё, аз ҷумла, 10 давлати ИДМ ва 98 давлати хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом дод.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон дар навбати аввал ба Швейтсария, Туркия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Ба хориҷи кишвар асосан сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан, ангишт, неруи барқ), маҳсулоти нассоҷӣ ва маснуот аз он, фулузоти арзон ва маснуот аз он содирот шуданд.

Ҳаҷми воридот тӯли панҷ моҳ зиёда аз 1 млрд 273 млн долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 2,2% ё худ 29 млн доллар зиёдтар мебошад.

Молу маҳсулот ба Тоҷикистон имсол асосан аз Русия, Қазоқистон ва Чин ворид карда шудааст.

Ба ҷумҳурӣ маҳсулоти минералӣ, нассоҷӣ, саноати кимиё, маҳсулоти тайёри ғизоӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он, маҳсулоти рустанӣ (9,5%) ва дигар молу маҳсулот оварда шуданд.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба - беш аз $420 млн), Қазоқистон (беш аз $391 млн), Швейтсария (беш аз $306 млн), Чин (зиёда аз .$189 млн), Туркия (беш аз $140 млн) ва Ӯзбекистон (зиёда аз $116 млн) дониста шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.