Дар Муассисаи давлатии Пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии “Саноат” ба истеҳсоли гипохлориди натрий оғоз карданд.

Ин яке аз воситаҳои беҳтарини маъруфест, ки фаъолнокии зиёди зиддибактериалӣ нишон медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии сирояти коронавируси «COVID-19» бо дастгирии ин Вазорат Пажуҳишгоҳи «Саноат» истеҳсоли гипохлориди натрийро ба роҳ мондаааст.

Гуфта мешавад, ин кор бо мақсади таъмини саривақтии аҳолӣ бо ин маводи безараргардонӣ роҳандозӣ шудааст.

Қайд мешавад, ки гарчанде аввалин бор гипохлориди натрий NaClO зиёда аз 230 сол пеш истеҳсол шуда бошад ҳам, ба истеҳсоли он дар Тоҷикистон бори нахуст машғул мешаванд. То ин дам он аз хориҷи кишвар оварда мешуд.

Муайян карда шудааст, ки қисми асосии гипохлориди натрий барои истифодаи саноатӣ барои истифодаи дохилӣ ва безараргардонии оби нӯшокӣ масраф карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз аввалин ҳолатҳои сироятёбии шаҳрвандони кишвар аз коронавирус ҳукумати Тоҷикистон 30 апрел маълумот дод.

То шоми 2 июн дар Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор ҳолати сироятёбии одамон аз коронавирус ба қайд гирифта шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.