Дар доираи амалисозии Лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар ҶТ” Бонки осиёии рушд (БОР) ба Тоҷикистон 105 млн доллар грант ҷудо мекунад.

Муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки низоми биллингии пешрафта дар навбати аввал дар шаҳру навоҳии Душанбе, Панҷакент, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва Данғара ҷорӣ мешавад.

“Бо мақсади амалисозии ин лоиҳа БОР ба Тоҷикистон 105 млн доллар маблағ ҷудо мекунад, ки 70 млн доллари он ба тадбирҳои коҳиши талафоти нерӯи барқ, 15 млн доллар - ба ҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқ” ва 20 млн доллар - ба дастгирии буҷети давлатӣ сарф мешавад”, - хабар доданд дар нишасти матбуотӣ.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд низ аз лоиҳаи “Барномаи рушди соҳаи энергетика дар Тоҷикистон” дастгирӣ намуда, 25 млн доллар қарзи имтиёзнок пешниҳод кард.

Моҳи июли соли 2017 ҳукумати Тоҷикистон дар бораи ҷорисозии низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ (усули биллингӣ) қарор қабул кард.

Низоми биллингӣ ҳамаи ҷараёни марбут ба анҷоми баҳисобгирӣ бо истеъмолгарони барқ шурӯъ аз баҳисобгирии барқи истифодашуда ва то ҳисобу китоби пардохтҳои аз ҷониби мизоҷ анҷомдодаро фаро мегирад.

Ҳукумати Тоҷикистон бар ин назар аст, ки низоми нав ба пешгирии минбаъд зиёдшавии қарзи ширкати “Барқи тоҷик”, ки ба аввали соли равон 26 млрд. сомонӣ (беш аз 2,6 млрд доллар) расид, муоидат менамояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.