“Дуруст аст, ки баъди кори чиниҳо дар замин ҳатто алафи бегона намерӯяд?”, - садо дод чунин савол зимни нишасти матбуоти Вазорати кишоварзӣ аз ҷониби рӯзноманигоре, ки ба масъалаи истифодаи заминҳои кишти Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои Чин таваҷҷуҳ дошт.

Ёдрас мекунем, ки ширкатҳои муштараки Тоҷикистону Чин - «Ҷунтай Хатлон Син Силу» ва «Водии заррин» дар вилояти Хатлон дар майдони зиёда аз 10 ҳазор гектар пахта парвариш мекунанд.

Вазири кишоварзии Тоҷикистон Амонулло Салимзода ин гумонҳоро нодуруст арзёбӣ карда, чунин посух дод:

“Баръакс, дар парвариши рустаниҳои кишоварзӣ чиниҳо аз технологияҳои муосир ва обёрии қатрагӣ  истифода мебаранд, ки об ва нуриҳои минералӣ сарфа мешаванд. Бо истифода аз тарзу усули муосири агротехникӣ онҳо аз як гектар 30-35 сентнер ҳосил ба даст меоранд”.

Лекин чанде аз фермерони маҳаллӣ мегӯянд, бар асари гаронии маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, арзиши аслии маҳсулоти онҳо баланд мешавад, лекин ширкатҳое, ки маҳсулоти онҳоро мехаранд, барои як тонна пахта ҳамагӣ 400-500 доллар нарх пешниҳод мекунанд.

“Агар технология риоя шавад, ҳеҷ яке аз хоҷагиҳо зиён намебинад, - қайд кард вазир. - Пахта ашёи хоми стратегӣ буда, воридшавии миқдори зиёди асъорро ба кшвар таъмин мекунад”.

Қобили зикр аст, ки имсол дар Тоҷикистон дар майдони ҳудуди 190 ҳазор гектар пахта кишт шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.