Мудирони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ маблағгузории грантиро барои марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ” тасдиқ карданд.

Дар маълумоти намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ин робита гуфта мешавад, амалисозии лоиҳа ба густариши савдои фаромарзӣ ва беҳбуди робита тариқи роҳҳои мошингард мусоидат мекунад.

Маблағгузории лоиҳа аз ҷониби Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд 131 млн доллар) ва Фонди трастӣ барои Барномаи робита ва савдо дар Осиё (1 млн доллар) амалӣ мегардад.

“Тоҷикистон бо имконияти маҳдуд дар минтақаи баландкӯҳ ҷойгир буда, роҳи баромадан ба баҳрро надорад, ки дар натиҷа ба хароҷоти зиёдтарин дар Осиёи Марказӣ вобаста ба нақлиёт ва савдо дучор мешавад”, - таъкид доштааст роҳбари намояндагии доимии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ Ян-Петер Олтерс.

Ӯ изҳори итминон кардааст, ки маҷмӯи тадбирҳои сармоягузорӣ ба зерсохтори нақлиётӣ ва таҷдиди расмиёти гумрукӣ ба Тоҷикистон дар ташкили бозорҳои содиротӣ кумак карда, барои корхонаҳои хусусӣ ва аҳолии ҷавону дар ҳоли афзоиш қарордоштаи кишвар имкониятҳои нав фароҳам меоварад.

Ҳадафи марҳилаи чоруми “Барномаи беҳбуди роҳҳои Осиёи Марказӣ” аз беҳтар кардани алоқаи Тоҷикистон тариқи роҳҳои автомобилгард ва тавсеъаи имконот баҳри савдои фаромарзӣ, инчунин тақвияти субот ва бехатарии зерсохтори роҳҳо дар вилояти Суғд ва ВМКБ иборат аст.

Дар доираи татбиқи лоиҳа барои таъмиру барқарор кардани зиёда аз 50 километр роҳ дар чор қитъаи вилояти Суғд: Бекобод (қаламрави Ӯзбекистон) - Куркат, Деҳмой - Ғафуров, Ғафуров - Хистеварз ва Кучкак - Конибодом маблағгузорӣ сурат мегирад.

Ҳамчунин дар лоиҳа дастгирӣ аз сохтмони пули Хоруғ ва нақбу галереяҳо (пешайвонҳо) ва пулҳо дар атрофи деҳаи Барсем дар шоҳроҳи Помир дар ВМКБ, ки ба офатҳои табиӣ хеле осебпазир аст, пешбинӣ шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.