Сатҳи таваррум дар моҳи июли соли равон дар ҷумҳурӣ 0,3%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.

Ба ин тариқ, мизони таваррум дар бахши истеъмолии ҷумҳурӣ аз оғози сол 4,6%-ро ташкил дод.

Дар Бонки миллӣ қайд мекунанд, ки сатҳи таварруми солона (аз моҳи июли соли 2019 то июли соли 2020) ба 7,7 баробар шудааст.

Болоравии сатҳи таваррум асосан аз ҳисоби афзоиши нархи маҳсулоти ғизоӣ, инчунин гароншавии гази моеъ ва билетҳои ҳавопаймоӣ ба вуҷуд омадааст.

Мувофиқи Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ, ки охири моҳи июл аз ҷониби ҳукумат тасдиқ шуд, аз рӯйи натиҷаҳои соли равон мизони таваррум 9,8%-ро ташкил хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки соли 2021 таваррум дар сатҳи 6,9%, соли 2022 - 6,8% ва соли 2023 - 7,1% пешгӯйӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта мизони таваррум дар бахши истеъмолии кишвар ба сатҳи рекордӣ тайи ҳафт соли охир - 8% расида буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.