Ҳукумати Тоҷикистон ба Чин пешниҳод кард, ки бо назардошти оқибатҳои пандемияи коронавируси нав шартҳои уҳдадориҳои қарзии кишварро сабуктар созад. Дар ин бора Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Қарзи Тоҷикистон назди “Эксимбонк”-и Чин 1,2 млрд долларро ташкил медиҳад, ки қариб 40% аз ҳаҷми умумии қарзи берунаи ҷумҳурӣ (наздики 3,1 млрд доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин Тоҷикистон ба Бонки ҷаҳонӣ ба маблағи 338,5 млн, Бонки осиёии рушд - 287,3 млн, Бонки исломии рушд - 131,9 млн доллар қарздор буда, ҳаҷми уҳдадориҳои қарзӣ аз рӯйи евробондҳо 500 млн долларро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки ҳаҷми сармоягузории мустақими Чин ба иқтисоди кишвар афзуда шавад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, давоми солҳои 2007-2009 Чин ба иқтисоди Тоҷикисон беш аз 2,8 млрд доллар сармоягузорӣ анҷом додааст.

Сармояҳои Чин дар ин давра ба рушди бахшҳое чун иқтисоду алоқа, сохтмон, хизматрасониҳои молиявӣ, корҳои иктишоф ва истихроҷи геологӣ, насби таҷҳизоти техникӣ равона шуданд.

Дар ҳамин ҳол, вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Фаррух Ҳамрализода охири моҳи июли соли равон ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки дар робита ба пандемияи коронавирус соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ба андозаи 30-50% кам мешавад.

Ӯ илова намуд, ки аксарияти лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои Чин амалӣ мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.