Дар ҷумҳурӣ айни замон 6385 терминалҳои худкори хизматрасон амал мекунанд. Аз ин шумор 1799 адад ё худ 28,1% пулҳои фулузӣ (танга)-ҳоро қабул мекунанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).

Дар БМТ қайд карданд, ки терминалҳои пардохти насбшуда аз ҷониби 11 ташкилоти қарзӣ ва 4 агентиҳои бонкии пардохт идора карда мешавад ва корҳо дар ин самт идома доранд.

Мувофиқи қонуни ҶТ “Дар бораи хизматрасониҳои пардохт ва низоми пардохт”, ташкилотҳое, ки ба қабули пардохт машғул мешаванд, барои анҷоми фаъолияти оператори низоми пардохт ё қабули пардохтҳо ҳамчун агентиҳои бонкии пардохти ташкилотҳои қарзӣ бояд иҷозатнома гиранд.

Ҳарчанд шумори терминалҳои пардохт тайи солҳои охир ба таври назаррас зиёд шуда бошад ҳам, сокинони ҷумҳурӣ шикоят мекунанд, ки аксари онҳо тангаро барои пардохт қабул намекунанд.

Дар низомҳои пардохт мегӯянд, сари масъалаи афзудани шумори терминалҳое, ки пулҳои металлиро қабул мекунанд, кор карда истодаанд.

Дар низоми пардохти “ССП Пайванд”, ки дар бозори қабули пардохтҳо аз соли 2011 фаъолият дорад, ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки айни замон аллакай 15%-и теримналҳои онҳо тангаҳоро қабул мекунанд.

“Дар ин самт корҳо ҷараён дошта, давра ба давра дар ҳамаи терминалҳои мо қабули тангаҳо ба роҳ монда мешавад”, - итминон доданд дар “Пайванд”.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар ҷумҳурӣ тангаҳои арзишашон 1, 2, 5, 10, 20, 50 дирам, инчунин 1, 3, 5 сомонӣ дар муомилот қарор доранд.

Боз яке аз мушкили дигари терминалҳои пардохт ситонидани фоиз барои хизматрасонии мизоҷон ва надодани расид (чек) ба шумор меравад.

Қонунгузории кишвар моликони терминалҳоро уҳдадор кардааст, ки ба мизоҷон расиди хазинавӣ диҳанд, лекин на ҳама терминалҳо ин амалро анҷом медиҳанд.

Илова бар ин, бисёре аз онҳо бархилофи қонунгузории амалкунанда ҳангоми қабули пардохт аз мизоҷон фоиз меситонанд.

Мувофиқи қарори ҳукумат “Дар бораи тартиб ва талаботи насб ба шабакаҳои алоқаи барқӣ”, низомҳои пардохт ба ситонидани фоиз барои пур кардани тавозуни симкортҳои телефони мобилӣ ҳуқуқ надоранд.

Ҳарчанд Хадамоти зиддиинҳисорӣ гоҳ-гоҳ дар бораи ҷаримаи операторон барои ғайриқонунӣ ситонидани фоизҳо хабар диҳад ҳам, вазъ тағйир намеёбад - низомҳои пардохт аз маблағи гузаронида ба тавозуни муштариён 3% маблағ меситонанд.

Дар Хадамот зикр карда буданд, ки низомҳои пардохт “агентҳои” ташкилотҳои қарзӣ ва ҳамаи операторони мобилии Тоҷикистон ба гунаи мисол бо онҳо шартнома доранд, ки мувофиқи он барои пур шудани тавозуни муштариёнашон ба онҳо мабалғи муайяне (мукофотпулӣ) пардохт мекунанд.

Дар низомҳои пардохт мегӯянд, “мукофотпулӣ аз операторони мобилӣ маблағи хеле ночиз буда, танҳо барои ин қадар маблағ кор кардан ба онҳо фоидаовар нест”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.