Як ҳайати сершумори тоҷирони Ӯзбекистон иборат аз 172 нафар намояндагони тиҷорати бузурги ин кишвар ҳамроҳи кормандони сохтори иқтисодии ҳукумати кишвари ҳамсоя имрӯз ба Душанбе меоянд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон хабар дод.

Дар муддати ду рӯз намояндагони доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон масоли татбиқи лоиҳаҳои нави муштаракро баррасӣ намуда, инчунин имзои қарордодҳо дар бораи таҳвили молу хизматрасонӣ дар назар аст.

Ба ин тариқ, Душанбе ва Тошканд ният доранд, ки ба афзоиши сатҳи гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо, ки замони паҳншавии сирояти коронавирус ба таври назаррас коҳиш ёфт, такони нав бахшанд.

Намояндагони Ӯзбекистонро дар сохтори иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта, ҳамчунин онҳо бо фаъолияти корхонаҳои бузурги саноатии кишвар шинос мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.