Кишоварзони Тоҷикистон имсол зиёда аз 227 ҳазор тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ намуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 78 ҳазор тонна камтар мебошад.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ, картошка имсол дар майдони беш аз 33 ҳазор гектар шинонида шуда, то аввали ҳамин ҳафта аз 13,3 ҳазор гектар ҳосил ҷамъоварӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳосилнокии картошка аз ҳар як гектар 170,7 сентнерро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки баҳори имсол бинобар сабаби камбуди картошка, нархи он дар ҷумҳурӣ якбора боло рафт.

Дар сохторҳои дахлдор сабаби инро камшавии воридоти он аз дигар кишварҳо - Русия, Покистон, Чин ва Ӯзбекистон маънидод мекунанд.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, болоравии нархи ин маҳсулот давоми 8 моҳи соли ҷорӣ қариб 23%-ро ташкил додааст. Дар ин давра дар ҷумҳурӣ танҳо билетҳои ҳавопаймоӣ зиёдтар аз ин қимат шудааст.

Айни замон нархи 1 кило картошка дар бозорҳои пойтахт то ба 3,25 сомонӣ мерасад, ки барои ин давра нархи баланд маҳсуб меёбад.

Меъёри тавсияшудаи истеъмоли картошка дар Тоҷикистон барои 1 кас дар як сол 92 кило муқаррар шудааст. Барои таъмини аҳолии кишвар бо ин маҳсулот дар 1 сол то 1 млн тонна картошка лозим аст.

Қобили зикр аст, ки нисбат ба моҳи сентябри соли гузашта дар бозорҳои Душанбе ин моҳ орду гӯшт ва ширу биринҷ қимат шуд. Инҷунин маҳсулоте низ ҳаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта нархаш паст шудааст.

Дар инфографикаи зер нархҳои миёна ба маҳсулоти ғизоӣ дар Душанбе.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.