Шумори дорандагони кортҳои пардохтии бонкӣ дар Тоҷикистон то аввали моҳи сентябри соли ҷорӣ беш аз 2,6 млн нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 23% зиёдтар аст.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, айни замон ҳамагӣ зиёда аз 2,8 млн адад чунин кортҳо дар муомилот қарор доранд.

Аммо аксарияти кулли дорандагони кортҳои пардохтӣ онро барои гирифтани пули нақд истифода мебаранд.

Аз ҷониби дорандагони кортҳои пардохтӣ тӯли 8 моҳ ба маблағи беш аз 13,3 млрд сомонӣ амалиёт анҷом дода шудааст: маблағи пули нақди гирифта зиёда аз 12,2 млрд сомониро ташкил дода, барои пардохти молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ҳамагӣ каме бештар аз 1 млрд сомонӣ равона гардидааст.

Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон айни замон корти пардохтии низоми миллии пардохти “Корти миллӣ”, низомҳои байнулмилалии пардохти VISA ва Mastercard, кортҳои низоми пардохти UnionPay ва “Корти миллӣ”, инчунин кортҳои дохилии бонкҳоро ба муомилот мебароранд.

Ба аввали моҳи сентябр дар корхонаҳои савдо ва хизматрасонии ҷумҳурӣ зиёда аз 1,1 ҳазор банкоматҳо ва ҳудуди 1,9 ҳазор терминалҳо амал мекарданд. Дар зарфи 1 сол теъдоди банкоматҳо қариб 47% ва шумори терминалҳои электронӣ - 10,2% зиёд шуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз 2 сол пеш бо қарори худ ҳамаи муассисаҳоеро, ки хизматгузориҳои пулакӣ анҷом медиҳанд, ба таъмину насби таҷҳизот барои пардохтҳои ғайринақдӣ уҳдадор кард.

Бо ин қарор вазорату идораҳо, корхона ва муассисаҳое, ки хизматгузории пулакӣ анҷом медиҳанд, вазифадор шуданд, ки то 1 апрели соли 2019 дар баробари ҳисоббаробаркуниҳои нақдӣ, ҳатман қабули пардохтҳоро аз аҳолӣ ба ҳамаи навъҳои хизматрасонӣ бо тартиби ғайринақдӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт таъмин намоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.