Таҳлилгарони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) 1% сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистонро интизорӣ доранд. Соли 2021 афзоиши воқеии иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 3% пешгӯйӣ мешавад.

“Ба иқтисод асосан вайрон шудани робитаҳои нақлиётӣ бо шарикони калидии савдо ва дастрасии маҳдуд ба бозори меҳнати Русия таъсир расонид”, - қайд мешавад дар гузориши интишоршудаи БАТР.

Гуфта мешавад, нимсолаи аввал интиқоли маблағ бо ҳисоби солона аз Русия тақрибан 15% кам шуд, ки ба истеъмол, ҳаҷми воридот ва пардохти андоз таъсири манфӣ гузошт.

“Сарфи назар аз фишори беруна, дар зарфи 6 моҳи соли равон сатҳи рушди иқтисоди Тоҷикистон бо ҳисоби солона 3,5%-ро ташкил дод”, - зикр мегардад дар гузориш.

Коршиносони БАТР таъкид месозанд, ки афзоиш дар ин сатҳ аз ҳисоби нишондиҳандаҳои баланд дар саноат (афзоиши содирти тилло) ва бахши кишоварзӣ таъмин гардид.

Ҳамчунин зикр мегардад, ки содироти тилло (ба Швейтсария) бо ҳисоби солона ва бо доллар 140% афзуд.

“Ба истиснои фулузоти қиматбаҳо, содирот ба ҳисоби солона 22% коҳиш ёфт: боркашонӣ, тиҷорати меҳмонхонаҳо, савдои чакана ва хизматрасониҳо ба аҳолӣ низ ба рушди иқтисод таъсири манфӣ расониданд”, - таъкид мешавад дар гузориши БАТР.

Ёдрас мекунем, ки соли 2019 сатҳи афзоиши воқеии иқтисоди Тоҷикистон 7,5%-ро ташкил дода буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.