Коршиносони пажуҳишгоҳи амрикоии Heritage Foundation дар Индекси озодии иқтисод (Index of Economic Freedom) ба озодии иқтисоди 180 кишвари дунё баҳогузорӣ намуданд.

Муаллифони рейтинг сатҳи озодии иқтисоди Тоҷикистонро 52,2 балл арзёбӣ кардаанд, ки дар муқоиса бо соли 2019 ин нишондиҳанда 3.4 банд кам шуд. Ба ин тариқ, ҷумҳурӣ аз зинаи 122-юми соли гузашта ба мақоми 155-ум поин рафт.

“Иқтисоди Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст, лекин ҷумҳурӣ яке аз кишварҳои камбизоати Осиё боқӣ мемонад, ки аксар вақт ба интиқоли пул аз хориҷи кишвар вобастагӣ дорад”, - қайд мекунанд муаллифони рейтинг.

Зинаи баландтаринро байни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар ин рейтинг Қазоқистон - мақоми 39-ум ишгол мекунад. Қирғизистон дар мақоми 81-ум ва Ӯзбекистон дар ҷойи 114-ум қарор доранд.

Туркманистон аз Тоҷикистон зинаи пасттар 170-умро ишғол намуда, Русия дар мақоми 94-ум ҷойгир шудааст.

Дар зинаҳои аввали ин раддабандӣ Сингапур, Гонконг ва Зеландияи Нав қарор дошта, зинаҳои охирро Куба, Венесуэла ва Кореяи Шимолӣ ишғол мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.