Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхт, қайд мешавад дар гузориши рӯзи панҷшанбе нашршудаи Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ”.

Мувофиқи қонун “Дар бораи буҷети давлатӣ барои соли 2020”, ба моддаҳои ҳифзшуда хароҷот барои пардохти музди меҳнат, маблағҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, нафақа, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти ҳаққи хизматгузориҳои коммуналӣ дохил шудаанд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки касри буҷет дар 6 моҳи соли равон 2,3% нисбат ба ММД-ро ташкил дода, андоз аз нақша камтар ҷамъоварӣ шуд.

Гуфта мешавад, сустшавии рушди иқтисоди кишвар аз 7,5% дар 6 моҳи соли 2019 то ба 3,5% дар ҳамин давраи соли равон ба қишри камбизоати аҳолӣ ва хонаводаҳо таъсири манфӣ расонид.

“Дар авҷи пандемияи COVID-19 аз панҷ ду хонавода дар бораи кам кардани истеъмоли маҳсулоти хӯрокворӣ хабар доданд, ки нисбат ба сатҳи соли 2019 хеле баландтар аст”, - илова кардаанд муаллифони гузориш.

Ёдрас мекунем, ки даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ 9,8 млрд сомониро ташкил дод, ки нисбат ба нақшаи тасҳеҳшуда 4,5% ё худ 462,3 млн сомонӣ (ҳудуди 45 млн доллар) камтар аст.

Қисмати хароҷоти буҷет дар ин давра 81,9% иҷро шуд: ҳаҷми умумии маблағгузории буҷетӣ ба 10,2 млрд сомонӣ баробар шуда, аз нишондиҳандаҳои нақшавӣ 18,1% ё худ 2,3 млрд сомонӣ камтар мебошад.

Қобили зикр аст, ки давоми 8 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон аз ҳисоби фурӯши сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимақиматбаҳо ба афзоиши бесобиқаи ҳаҷми содирот (50% ё худ 5 баробар) ноил гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, ин маҳсулот ба маблағи 595 млн доллар давоми моҳҳои январ-августи соли 2020 ба хориҷи кишвар бароварда шудааст, ки наздики 60% аз ҳаҷми умумии содироти кишварро дар ин давра ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.