Давоми 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3,4 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,3% зиёдтар мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Касри муомилоти савдои ҷумҳурӣ (афзалияти воридот нисбат ба содирот) андаке бештар аз 1 млрд долларро ташкил дод. Дар ҳамин давраи соли гузашта ин фарқият ба зиёда аз 1,7 млрд доллар баробар буд.

Ҳаҷми содирот давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ба зиёда аз 1,2 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 54,8% (420 млн доллар) бештар мебошад.

Молу маҳсулоти Тоҷикистон - сангу фулузоти қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо, маҳсулоти минералӣ (семент, маъдан, ангишт, неруи барқ), мавод ва маснуоти нассоҷӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он ба Швейтсария, Туркия ва Қазоқистон содирот шуд.

Ҳаҷми воридот тӯли 9 моҳ зиёда аз 2,2 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% (158 млн доллар) камтар мебошад.

Ба Тоҷикистон имсол асосан аз Русия, Қазоқистон ва Чин маҳсулоти минералӣ, маҳсулоти саноати кимиё, маҳсулоти тайёри ғизоӣ, фулузоти арзон ва маснуот аз он, маҳсулоти растанӣ ва ғайра ворид карда шуданд.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (савдои дуҷониба - $721 млн), Швейтсария ($693 млн), Қазоқистон ($634 млн), Чин ($342 млн), Ӯзбекистон ($242 млн) ва Туркия ($235 млн) дониста шудаанд.

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон дар маҷмӯъ бо 108 кишвари саросари ҷаҳон муомилоти савдо анҷом дод.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.