Кишвари мо аз ҳисоби афзоиши босуръати содироти маҳсулот - фурӯши маҳсулоти гурӯҳи “сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо” ҳаҷми гардиши савдои хориҷиро нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 5,5 баробар зиёд кард.

Ӯзбекистон

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Ӯзбекистон давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҳудуди 27,5 млрд долларро ташкил додааст, ки 3,7 млрд камтар аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон, ҳаҷми содирот дар ин давра 12,4 млрд долларро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% коҳиш ёфтааст. Ҳаҷми воридот дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 16,5% кам шуда, ба 15 млрд доллар баробар шудааст.

Касри тавозуни савдо (афзалияти воридот нисбат ба содирот) дар ин давра дар муқоиса бо 9 моҳи соли 2019 ба миқдори 63% коҳиш ёфта, 2,4 млрд долларро ташкил додааст.

Ҳукумати Ӯзбекистон ин тамоилро поинравии нархҳои ҷаҳонӣ ба захираҳои энергетикӣ, инчунин сустшавии суръати афзоиши иқтисоди ҷаҳонӣ, ки бар асари пандемияи коронавирус ба вуҷуд омад, маънидод мекунад.

Қирғизистон

Ҳаҷми савдои хориҷии Қирӯизистон дар моҳҳои январ-августи соли равон наздики 3,5 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 22,1% камтар аст.

Бино ба маълумоти Кумитаи миллии омори Қирғизистон, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми содирот 3,5% афзуда, воридот баръакс, ба андозаи 31,6% коҳиш ёфтааст.

Қазоқистон

Мувофиқи маълумоти Идораи омори Қазоқистон, тӯли моҳҳои январ-августи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Қазоқистон 55,6 млрд долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,0% камтар мебошад.

Содирот дар ҳаҷми 31,9 млрд доллар амалӣ шудааст, ки нисбат ба моҳҳои январ-августи соли 2019 ба миқдори 15,7% камтар аст. Воридоти молу маҳсулот ба маблағи 23,8 млрд доллар сурат гирифтааст, ки дар муқоиса бо 8 моҳи соли 2019 ба андозаи 6,4% камтар аст.

Ба ин тариқ, касри тавозуни савдо (афзалияти содирот нисбат ба воридот) ба 8,1 млрд доллар баробар шудааст.

Тоҷикистон

Давоми 9 моҳи соли 2020 ҳаҷми савдои хориҷии Тоҷикистон зиёда аз 3,4 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 8,3% зиёдтар мебошад.

Ҳаҷми содирот дар ин давра ба зиёда аз 1,2 млрд доллар баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 54,8% бештар мебошад.

Ҳаҷми содирот имсол бо сабаби афзоиши фурӯши маҳсулоти гурӯҳи “сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо” нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5,5 баробар зиёд шуд.

Маҳсулоти гурӯҳи зикршуда ба маблағи умумии 689 млн доллар содирот шудааст, ки 58% аз ҳаҷми умумии содироти кишварро дар моҳҳои январ-сентябри соли равон ташкил медиҳад.

Ҳаҷми воридот тӯли 9 моҳ зиёда аз 2,2 млрд долларро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 6,6% камтар мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.