Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи раванди татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ дар самти дастгирии соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла бо назардошти пешгирии таъсири пандемияи сирояти COVID-19 ва хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои зарурӣ рӯйи кор мегирад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон, зимни баргузории мизи мудаввар дар мавзуи “Соҳибкориву сармоягузорӣ асоси пешрафти иқтисодиёт” раиси Кумита Фаррух Ҳамрализода дар ин бора изҳори назар кардааст.

“Ташаккули муносибатҳои нави иқтисодӣ, таъмини рушди босуботи иқтисодиёт, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва щукумат қарор гирифт”, - гуфтааст ӯ.

Ҳамрализода қайд кардааст, ки солҳои охир ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, ба соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок дар маҷмӯъ 109 имтиёзу сабукиҳо дода шуда, танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 млрд сомониро ташкил додааст.

Ҳамчунин раиси Кумита, мораторияҳои эълоншударо ба санҷиши фаъолияти соҳибкорон давоми солҳои 2009-2010, 2012-2014 ва 2019-2020 хотиррасон намуд.

Ӯ таъкид дошт, ки саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 30%-и соли 2000-ум то 70% дар соли 2020 зиёд гардида, наздики 80%-и пардохтҳои андозии буҷети давлатӣ ва 67%-и аҳолии фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби бахши хусусӣ бо шуғл таъмин карда мешаванд.

Мувофиқи омори расмӣ, шумори аҳолии коршоями кишвар айни замон зиёда аз 2 млн 455 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.

Аз ин шумор каме бештар аз 2,4 млн нафар машғули кор буда, 50,8 ҳазор нафар расман мақоми бекорро доранд (ба сифати бекор ба қайд гирифта шудаанд).

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.