Қарз аз музди меҳнат дар Тоҷикистон аввали моҳи сентябр бо назардошти бақияи солҳои гузашта зиёда аз 74,8 млн сомонӣ (ҳудуди 7,2 млн доллар)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти ҶТ.

Давоми моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ корфармоҳо ба кормандони худ аз музди меҳнат беш аз 40,5 млн сомонӣ (қариб 4 млн доллар) қарздор шудаанд.

Қарзи аз ҳама баландарин аз музди меҳнат имсол моҳи апрел (15,1 млн сомонӣ) ва моҳи август (10,8 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Афзоиши қарз аз музди меҳнат қариб дар ҳама навъҳои фаъолияти иқтисодӣ ба мушоҳида мерасад.

Қарзи аз ҳама зиёд дар соҳаи саноати коркард (21,8 млн сомонӣ), сохтмон (19,3 млн сомонӣ), истихроҷи канданиҳои фоиданок (14,8 млн сомонӣ) ва соҳаи нақлиёт (8,7 млн сомонӣ) ба қайд гирифта шудааст.

Кормандони соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз ҳаҷми пешбинишуда мутаносибан 984 ҳазор ва 324 ҳазор сомонӣ камтар маош гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки пандемияи коронавирус ба фаъолияти аксари бахшҳои иқтисоди кишвар таъсири манфӣ расонида, аз ин рӯ, корфармоҳо имкон надоранд, ки саривақт ва пурра кормандони худро бо маош таъмин намоянд.

Ин дар навбати худ, мардумро водор месозад, ки ба амалҳои номатлуб, то худкушӣ даст зананд. Ба гунаи мисол, рӯзи 26 октябр корманди хадамоти амнияти Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Шерафган Хоҷақулови 38-сола бо истифода аз силоҳи хизматиаш ба худкушӣ даст зад.

Пайвандони Хоҷақулов ин амалро чунин маънидод мекунанд, ки ӯ муддати 9 моҳ маош нагирифта будааст. Дар фурудгоҳ изҳор мекунанд, ки маоши Хоҷақулов пурра пардохт шудааст.

Музди меҳнат моҳи август дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна 1256 сомониро ташкил додааст, ки аз рӯйи қурби ҳозира ба 122 доллар баробар аст.

Музди меҳнати ҳадди ақал дар Тоҷикистон 400 сомониро ташкил медиҳад.

Маоши аз ҳама баландро дар кишвар кормандони соҳаи миёнаравии молиявӣ ва суғурта (3362 сомонӣ), иттилоот ва алоқа (2559 сомонӣ), кормандони соҳаи истихроҷи канданиҳои фоиданок (2414 сомонӣ) ва сохтмоничиён (2369 сомонӣ) гирифта, маоши пасттарин дар бахши кишоварзӣ – 554 сомонӣ сабт шудааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи байнидавлатии ИДМ, байни кишварҳои Иттиҳод дар Тоҷикистон музди меҳнат пасттарин аст.

Музди меҳнати миёна дар Русия – 730 доллар, Беларус  – 518, Украина – 388, Озарбойҷон – 370, Арманистон – 375 ва Қирғизистон – 239 долларро ташкил медиҳад.

Ҳукумат ба ҳалли мушкилот оғоз намуд

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 27 октябр дар Душанбе нахустин ҷаласаи васеи Ситоди корӣ оид ба пешгирӣ ва бартарафсозии қарздории музди меҳнат дар ҷумҳурӣ баргузор шуд. Ситоди корӣ охири моҳи сентябри соли ҷорӣ бо қарори ҳукумати Тоҷикистон дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ таъсис дода шуд.

Дар ҷаласаи ситод таҳти раёсати вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Гулрӯ Ҷабборзода роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, инчунин кормандони масъули шаҳрдории Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорат.

Дар ҷаласаи ситод мушкилоти марбут ба қарзҳо аз музди меҳнат дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ баррасӣ шуданд.

Ба сохторҳои дахлдори шаҳрдории пойтахт ва ноҳияҳои тобеи марказ дастур дода шуд, ки дар муддати се моҳ мушкилоти мавҷуда дар ин самтро бартараф намуда, ба ситод ҳисобот диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.