Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ба Тоҷикистон ба маблағи 50 млн доллар қарз дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти бонк. Ин маблағ аз Фонди авруосиёии субот ва рушд, ки онро БАОР дар ихтиёр дорад, ҷудо шудааст.

Гуфта мешавад, қарз ба муддати то 20 сол бо давраи имтиёзнок ва меъёри сабтшудаи 1%-и солона пешниҳод мегардад. Дар соли аввал меъёр бештар имтиёзнок буда, 0,25%-и солонаро ташкил медиҳад.

Дар маълумот қайд мешавад, ки маблағ ба дастгирии буҷети ҷумҳурӣ дар шароити оқибатҳои манфии пандемия равона мегардад.

“Барномаи ҳукумат ва Бонки миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо таъсири COVID-19 ба иқтисод, бахшҳои иҷтимоӣ ва молия, ки дар дархосташон барои гирифтани қарз дарҷ ёфтаанд, ба ҷуз тадбирҳо дар самти дастгирии соҳаи тандурустӣ ва аҳолӣ, роҳандозии сиёсати эҳтиёткоронаи макроиқтисодиро бо шумули коҳиши хароҷоти ғайриафзалиятноки буҷет ба нафъи хароҷот ба маорифу тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар соли 2021, баргузории сиёсати мутавозини пуливу қарзӣ, ки ба ҳавасмандсозии афзоиши иқтисод дар шароити маҳдудияти болоравии нархҳо дар сатҳи на зиёдтар аз нишондиҳандаи мақсаднок ва таъмини устуворӣ дар бахши молия нигаронида шудааст, дар бар мегирад”, - таъкид мешавад дар маълумоти БАОР.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар қатори Арманистону Беларус, Қазоқистону Қирғизистон ва Русия узви БАОР мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.