Дар партави авҷгирии пандемияи коронавирус ва буҳрони иқтисодӣ ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирони корӣ дар соли 2021 дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли гузашта 14% кам мешавад, гуфта мешавад дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ оид ба масоили муҳоҷират ва рушд.

Дар гузориш қайд мешавад, ки миқёси муҳоҷирати байнулмилалӣ бори нахуст тайи даҳсолаи охир кам мешавад.

Мувофиқи ҳисобҳои нави коршиносони Бонки ҷаҳонӣ, соли 2020 ҳаҷми интиқоли маблағ ба кишварҳои сатҳи даромадашон паст ва миёна 7% коҳиш ёфта, 508 млрд долларро ташкил медиҳад ва соли 2021 ба андозаи 7,5% - то 470 млн доллар кам мешавад.

Афзоиши  сусти суръати рушди иқтисод ва сатҳи пасти шуғл дар кишварҳои қабулкунандаи муҳоҷирон, нархҳои паст ба нафт ва поинравии қурби асъор дар кишварҳое, ки аз он бо доллар пул интиқол меёбад, аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои коҳиши интиқоли пул номбар шудаанд.

Гуфта мешавад, интизор меравад, ки коҳиши интиқоли пул дар давраи солҳои 2020-2021 ба ҳамаи минтақаҳо таъсир хоҳад расонид.

Коҳиши бештарин дар минтақаи Аврупо ва Осиёи Марказӣ мутаносибан ба андозаи 16% дар соли 2020 ва 8% - дар соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Дар идома Осиёи Шарқӣ ва минтақаи Уқёнуси Ором (мутаносибан 11% ва 4%), Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ (6%-ӣ), кишварҳои Африқо дар ҷануби Сахара (9% в 6%), Осиёи Ҷанубӣ (4% ва 11%), Амрикои Лотинӣ ва Ҳавзаи Кариб (0,2% ва 8%) қарор доранд.

Дар гузориш зикр мегардад, ки бар асари пандемия ва поинравии нархи нафт аз рӯйи натиҷаҳои соли равон ҳаҷми интиқоли маблағ қариб дар ҳамаи кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо нишондиҳандаҳои дурақама коҳиш меёбад.

Ба иттилои манбаъ, ин омил ҳамчунин ба поинравии қурби рубли Русия низ боис мегардад.

Тибқи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, ҳаҷми интиқоли маблағ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2020 дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2019 ба миқдори 15% кам шуда, 999 млн долларро ташкил дод.

Коҳиши интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ба камшавии муҳоҷират вобаста аст.

Қаблан Вазорати меҳнати Тоҷикистон хабар дода буд, ки бар асари пандемияи коронавирус нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба муҳоҷират рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон 57% кам шудааст.

Бино ба маълумоти расман тасдиқношуда, аз аҳолии 9 миллионнафараи Тоҷикистон зиёда аз 1 млн нафарашон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби шахсони воқеӣ ба Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба андозаи қариб 40% коҳиш ёфт.

Дар давраи моҳҳои январ-июн шахсони хусусӣ аз Русия ба Тоҷикистон 681 млн доллар маблағ фиристоданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 430 млн доллар камтар аст, зикр гардида буд дар маълумоти Бонки марказии Русия.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.