Пас аз коҳиши қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар рӯзи 4 ноябри соли равон аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) пули миллии кишвар нисбат ба евро ва рубли Русия ба таври назаррас беқурб шуд.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба пули умумиаврупоӣ дар ин давра ба андозаи 10,8%: аз 12,01 сомонӣ (барои 1 евро) ба ҳолати 3 ноябр то ба 13,35 сомонӣ дар имрӯз, 9 ноябр поин рафт.

Поинравии қурби сомонӣ нисбат ба рубли Русия ба таври назаррас сурат гирифт: аз 0,127 сомонӣ (барои 1 рубл) ба ҳолати 3 ноябр то ба 0,144 сомонӣ дар имрӯз, 9 ноябр.

Қурби расмӣ - қурби меёнавазни бенақди мубодилаи асъор дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мебошад.

Дар бозори нақдӣ, яъне бонкҳои тиҷоратӣ низ қурби евро ва рубл қариб ба ҳамин андоза кам шуданд: имрӯз 1 рубл ба ҷойи 0,131 сомонии рӯзи 3 ноябр ба 0,148 сомонӣ ва евро - 13,56 сомонӣ иваз мешавад.

Коҳиши қурби рубл нисбат ба сомониро шояд хабари хуше барои оилаи муҳоҷирон метавон шумурд, чунки онҳо акнун ба ивази 1000 рубл 17 сомонӣ зиёдтар маблағ мегиранд. Агар як ҳафта пеш ба ивази 1000 рубл дар бонкҳо 131 сомонӣ медоданд, пас имрӯз он ба 148 сомонӣ иваз карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз оғози соли 2016 интиқоли маблағ бо рубли Русия дар Тоҷикистон танҳо дар муассисаҳои бонкӣ бо пули миллӣ - сомонӣ бо мубодила дар рӯзи гирифтан анҷом дода мешавад. Ҳудуди 90%-и интиқоли маблағ бо ҳамин асъор сурат мегирад, чунки аксарияти кулли муҳоҷирони тоҷик дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш, рӯзи 4 ноябр Бонки миллӣ тасҳеҳи якдафъаинаи қурби расмии долларро нисбат ба сомонӣ анҷом дода, онро якбора ба андозаи 9,4% - аз 10,33 сомонӣ то ба 11,3 сомонӣ барои 1 доллар тағйир дод.

Дар Бонки миллӣ ин амалро бартараф кардани фарқият байни қурби расмӣ ва ғайрибонкӣ маънидод карданд.

Зикр гардида буд, ки фарқияти байни қурби расмии БМТ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА тавассути анҷомдиҳии амалиётҳои хариду фурӯши асъори хориҷӣ дар бозори ғайрибонкӣ аз меъёри муқарраршуда (2 фоиза) гузашта, то ба 9,3 фоиз зиёд гардид.

Дар Бонки миллӣ бар ин назаранд, ки тасҳеҳи мазкур имкон медиҳад, ки воридот ва интиқоли маблағҳо тавассути низоми бонкии кишвар бештар гардида, манфиати интиқолдиҳандагони маблағҳо аз хориҷи кишвар ҳимоя гарданд, шаффофияти амалиётҳо бо мизоҷон таъмин карда шавад ва фаъолияти ҳаннотон дар бозорҳои ғайрибонкии нақдӣ маҳдуд гардад.

Дар шарҳи БМТ таъкид шуда буд, ки ҳамзамон, мутавозинии қурби пули миллӣ ба беҳтар намудани рақобатпазирии истеҳсолкунандагони ватанӣ, ба зиёд шудани ҳаҷми содирот ва воридоти маҳсулоти ниёзи аввалияи мардум мусоидат намуда, боиси афзудани даромади буҷети давлатӣ мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.