Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар дар соли нопурраи 2020 (аз 1 январ то 18 ноябр) ба андозаи 16,6% поин рафт, ки яке аз назаррастарин коҳишёбӣ тӯли 12 соли охир мебошад.

Пули миллии Тоҷикистон нисбат ба доллар танҳо соли 2015 нисбатан беқурбтар шуда, он 34%-ро ташкил дода буд.

Истодагарии бештари сомонӣ нисбат ба доллар соли 2012 ба қайд гирифта шуда, он замон қурби он қариб бетағйир - ҳамагӣ 0,1% боқӣ монда буд.

Ба ин тариқ, тайи 12 соли ахир сомонӣ нисбат ба доллар 3,3 баробар: аз 3,35 (ба ҳолати 1 январи соли 2009) то 11,30 (18 ноябри ҳамин сол) беқурб шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.