Давоми 10 моҳи соли 2020 ҳаҷми содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи 1 млрд 253 млн сурат гирифтааст, ки 30% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 мебошад, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти Тоҷикистон.

Сарфи назар аз афзоиши назарраси ҳаҷми содирот дар соли равон, он то ҳоло нисбат ба воридот қариб 2 баробар камтар аст.

Гурӯҳи асосии молу маҳсулот дар сохтори имсолаи содироти ҷумҳурӣ фулузот (металл)-у сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо мебошанд. Содироти ин навъи маҳсулот даволми моҳҳои январ-октябри соли ҷорӣ ба маблағи ҳудуди 690 млн доллар анҷом дода шудааст, ки дар муқоиса бо соли пешин 3,1 баробар зиёд буда, 55% аз ҳаҷми умумии содирот дар соли равонро ташкил медиҳад.

Ҳиссаи нисбатан зиёдро дар сохтори содирот инчунин маҳсулоти минералӣ (семент, маъдану консентрат, ангишт, неруи барқ) - 222 млн доллар, фулузоти арзон ва маснуот аз он - (алюминий ва маснуот аз он) - 154 млн доллар, маҳсулот ва маснуоти нассоҷӣ - 141 млн доллар ишғол мекунанд.

Чор гурӯҳи молу маҳсулоти дар боло зикршуда ба 96,4% дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ баробар буда, аз ҳисоби фурӯши дигар навъи маҳсулот ҳамагӣ 46 млн доллар (3,6%-и содирот) даромад ба даст омадааст.

Бозори асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар соли ҷорӣ Швейтсария ба шумор меравад, ки 55% аз ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон дар ин давра ба он рост меояд. Ҳаҷми содироти маҳсулот ба Швейтсария дар зарфи 10 моҳ 694 млн долларро ташкил додааст, ки 3 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

Ҳамчунин молу маҳсулоти Тоҷикистон имсол ба миқдори начандон зиёд ба Туркия (13,4% аз ҳаҷми умумии содирот), Қазоқистон (9,2%), Ӯзбекистон (5,4%), Афғонистон (4,8%), Русия (2,4%), Чин (2%) ва Белгия (1,9%) содирот шудааст.

Аз оғози соли равон Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба 44 кишвари саросари дунё молу маҳсулот содирот кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.