Рӯзи 26 ноябр маросими расмии оғози кори Аввалин Намоишгоҳи анъанавии «Made in Tajikistan-2020» тариқи онлайн доир гардид. Дар ин маросим тариқи онлайн намояндагони кишварҳои хориҷӣ, вазорату идораҳо, шарикони рушд, бахши хусусӣ, инчунин  ҳайати намояндагиҳои дипломатӣ ширкат варзиданд.

Дар оғози кори маросими мазкур Раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо сухани шодбошӣ ба ҳозирин муроҷиат намуд.

Раиси Палата зимни суханронӣ қайд кард, ки ҳадафи асосии ин намоишгоҳ, пеш аз ҳама, иҷрои вазифаҳое мебошад, ки дар назди Палатаи савдо ва саноат Тоҷикистон гузошта шудаанд ва ин вазифаҳо дар Паёми навбатии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон садо дода буданд.

Маркази матбуоти ПСС ҶТ

Ин намоишгоҳ ба таблиғи маҳсулоти тавлидкунандагони тоҷик дар бозорҳои хориҷӣ, рушди иқтидори содиротӣ, кушодани бозорҳои нави фурӯши маҳсулот, тавсеаи ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон ва хориҷӣ, инчунин ҷалби сармоягузорӣ равона шудааст.

Дар намоишгоҳ маҳсулот ва хизматрасониҳои беш аз 150 ширкат дар соҳаҳое ба монанди саноати хӯрокворӣ ва сабук, сохтмон, нақлиёт, хизматрасонӣ, ҳунармандиву косибӣ ва сайёҳӣ пешниҳод мешаванд.

Дар доираи намоишгоҳ баргузории вохӯриҳои BxB, инчунин мизҳои мудаввар бо иштироки тоҷирони чаканафурӯш (ритейлерҳо)-и кишварҳои хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ёдрас мекунем, ки намоишгоҳ аз 26 ноябр то 17 декабри соли 2020 доир гардида, ҷараёни баргузории он дар сомонаи WWW.EXPOTAJIKISTAN.TJ пешниҳоду пахш мегардад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.